Амнияти кишвар бартар аз ҳама аст

Имрӯз падидаи номатлуб - терроризм ва экстремизм, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод кардааст, метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллату давлатҳо оварда расонад.

Дар ниқоби ислом ин гурӯҳҳо давлатҳои тинҷу оромро ба майдони ҷанг табдил дода истодаанд. Ин ҳамон гурӯҳест, ки аз фарҳангу тамаддуни миллати худ бехабаранд ва дониши казоӣ надоранд.

Миллатеро рафт чун оин зи даст,

Мисли хок аъзои ӯ аз ҳам шикаст.

Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудаанду ба муқобили сохти конститутсионии кишварҳои арабӣ меҷанганд, боиси доғдор намудани миллату кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд. Онҳо хоҳони нооромӣ ва нотинҷии кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд соҳиби мансаб ва молу мулки беминнатгарданд.

Мусулмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегирад, иборат аст, ба ибораи халқ, забону дил бояд як бошад. Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:

Худо он миллатеро сарварӣдод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигаронкишт.

Тавре аз маънии абёти боло бармеояд, тақдири миллат дар дасти худи ӯст, ба бегонагон умед бастан ва хидматгузори дасти онон будан ғалати маҳз аст. Дар кишваре, ки ғоя ва арзишҳои асили миллӣ на танҳо тарғиб, балки дар фарорӯи бархурдҳои манфиатҳои башарӣ дар сатҳи баланд дифоъ мегарданд, мардум дар ниҳояти соҳибмаърифатӣ маданияту фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои хешро гиромӣ медоранд, ҳеҷ гоҳ ба тақлиду тақлидкорӣ ё ташаккули андешаҳои ифротӣ роҳ нахоҳанд дод. Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа аз сулҳудӯстӣ, ёриву бародарист, на аз хурофотпарастиву таассуб. Ин падидаҳои номатлуб миллату давлатрона ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонад. Шайх Саъдӣ барҳақ мефармояд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан ҳам, узве, ки ба дард меояд, яъне дар давлате нобасомонию нооромӣ рух медиҳад, боиси ташвиши дигар давлатҳо аст. Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, муборизаро бар зидди ҳама даҳшатфиканиҳо пурзӯр менамояд. Мо, дар ин самт муборизаи шадид бурда, ҳамагӣ ин амалҳои номатлуб вадоғдоркунандаро маҳкум менамоем. Аз ин лиҳоз, мо, ҷавонон, насли истиқлолу сулҳу ваҳдат бо Пешвои худ ифтихор дорем, сиёсати Роҳбарияти олии кишварро сарманшаи кори худ қарор дода, ба ақидаҳои созандаи Сарвари кишвар содиқ хоҳем монд.

Шарипова М. – дотсенти кафедраиз абон ва адабиёти тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ