​Вокуниш (вобаста ба ҳодисаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон)

Пеш аз оне, ки ба ин ҳодиса тавваҷуҳ кунем бояд ҳамчун шахси дурбин ба таърихи на он қадар дури халқҳои тоҷику қирғиз назар андозем. Зеро ин ду халқ аз азал ҳамчун бародар буданд. Ҳатто айни ҳол ҳам муносибатҳои бисёр ҳам самимонаро мушоҳида карда метавонем, бо вуҷуди муноқишаи дар заминаи заминҳои корами наздисарҳадӣба вуҷуд омада.

Албатта замини корм барои ҳардуи халқҳо арзиши бебеҳо дорад. Вақте, ки онҳо аз яроқи шикории худ ба сӯи шаҳрванди Тоҷикистон оташ кушоданд, ду нафар осеби ҷисмонӣ бардоштанд. Баъдан аз тарафи сарҳадбонони Қириғизистон ба сӯи истиқоматкунандагони маҳаллаи Қуммазори деҳаи Чоркуҳи шаҳри Исфара оташ кушоданд. Ин оташ аз чи дарак медиҳад? Магар нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҷиноят нест? Албатта, ки ин ҷиноят аст, зеро сӯи шаҳрвандони бародар кушодани оташ исботи оне, ки онҳо мақсади нопок доранд.

Айни замон дарду дар беморхонаи шаҳри Исфара қарор доранд. Бино ба иттиоолисухангӯи шаҳри Исфара ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Ботканд “худсарона ва дидаву дониста” ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотикзамини қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда будғасб карданд. “Сокинони Қуммазор аз ин амали худсарона ва ғосибона изҳори норизояти карда, монеъаи ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон карданд.

Аммо сокинони маҳаллаи Чеки Ботканд ба тақозои онҳо ки заминашонро тарк кунанд, беэътиноӣ карда дасат ба муноқиша заданд”- гуфт Иқбол Тешаев.

8 май миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳади ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шароповаз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки аз дахолоти сарҳадбонон вазъият то чанд муддат ором шуд ва миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Феълан вазъ мураккаб арзёби мешавад.

Вайрон кардани муносибатҳое, ки тӯли қарнҳо барпо карда шудаандкори саҳл аст, аммо барқарор намудани он ниҳоят мушкил аст.

Боз такрор мекунем, ки мо тарафдорисулҳу якдилии халқҳои тоҷику қирғиз ҳастем ва набояд ба ҳар гуна амалҳои ғайриинсонӣ даст занем, зеро пеш аз ҳама мо инсонем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ