Изҳорот: ​Чеҳраи сохтаи самимӣ

Зиндагии ҳамаи мо болою поин дорад. Мутаассифона, ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дунё ва аз ҷумла кишвари моро вируси нави Ковид 19 фаро гирифтааст. Расидани дасти ин бало ба кулли мардуми дунё боз ҳам қавли ҳакимонаи Саъдӣ Шерозиро, ки бани одам аъзои якдигаранд ёдрас намуд. Мусаллам аст, ки инсон ду чеҳра дорад, чеҳраи воқеан самимӣ ва чеҳраи сохтаи самимӣ.

Боиси хушҳолист, ки дар кишвари азизи мо Тоҷикистон одамони дар ҳақиқат самимӣ, ватандӯсту инсондӯст бисёранд. Маҳз самимият, хирад, тадбир ва талошҳои пайвастаи роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табибони ғамхор аст, ки имрӯз дар ватани мо шумораи гирифторони вабо кам ба назар мерасаду шумораи шифоёфтагон зиёд, аммо бо вуҷуди ин муваффақият онҳое, ки чеҳраи сохтаи самимӣ доранд байни мардум воҳимаву дасиса сохта худро дилсӯзу самимӣ намоиш медиҳанд ва бо ин роҳ мехоҳанд душманиву нофаҳмиро падид оваранд.

Зеро онҳо осудаҳоливу ободии диёрро дида наметавонанд. Онҳо дар ҳақиқат баддилону ҳасудону каждумсифатоне мебошанд, ки хислаташон неш задан аст. Аз ҷумлаи инхел бадбинон Кабирӣ ва чанде аз ҳамроҳони бесаводаш мебошанд, ки аз пайи бунёди найранги ранг ба ранг ҳастанд. Шояд он ҳасудуни бадгӯйро хабар нест, ки мардуми оқил медонад ва мебинад, ки ба кӣ бовар кунаду ба кӣ не. Барои ҳамаи онҳое, ки имрӯз ҳисси дарк доранд аён аст, ки мо дар кишвар ба зинаҳои комилан нобудсозии ин вабо расида истодаем ва эътимодбахштарин умед ин аст, ки Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:

Даври гардун гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махур.

Мо бояд бовар дошта бошем, ки ин вабо меравад. Набояд ба доми воҳимаи душманон афтод. Зеро Синои бузург мегӯяд, ки воҳима ними беморист. Хотирҷамъӣ ними саломатист. Сабр бошад оғози шифост.

Саидсултонхон Саидғанизода,

муаллими кафедраи филологияи араби факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ