​Изҳорот: Тинҷию оромӣ – ҳадафи асосии миллати тоҷик

Муноқишаҳои марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон тайи солхои охир тез-тез ба чашм мерасанд. Охирон дар Исфара рузи 8 майи соли 2020 задухурд ба амал омад, ки аз ҳар ду тараф шаҳрвандони ҳам Тоҷикистону ҳам Қирғизистон захми шуданд. Сабаби асосии ин муноқиша бо истифода аз силохои оташфишон ва неруҳои мусаллаҳ ин аниқ набудани хатти сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ки аллакай тайи солҳои охир чандин шаҳрвандони ҳарду тараф дар рафти муноқишаҷонҳои худро аз даст доданд.

Албатта ҳифзи ҳар як порчаи замини ватани худ барои ҳар як шаҳрванд ин вазифаи муқаддас аст. Зеро ки ин мероси гузаштагони мо аст. Имрузҳо тавонои ва иқтидори пурқуввати қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо яроқу аслия ва бо техникаи муосири замонавӣ пурра таъмин буда, Родмардони он барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз шабонарузи омодаанд, ҳамагон ва алалхусус шаҳрвандони Қирғизистон хуб медонанд. Алалхусус онҳо дар натиҷаи амалиётҳои қаблии мақомотҳои қудратии Тоҷикистон дар сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон (дар маҳалли Овчиқалъача) соли гузашта дар худ ҳис намуданд, ки ҷасорату тавоноии қушунҳои мусаллаҳи Тоҷикон барои ҳифзи ҳар як порчаи замини Тоҷикистон катъи аст. Он афрод, ё ин ки гуруҳе, ки мехоҳад ба ягон қисми замини Тоҷикистон соҳиб шавад, бо зиддияти шадиди кувваҳои мусаллаҳ ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон дучор шуда ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасад. Лекин аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳад умр ба сар мебаранд, ҳеҷ гоҳ барои сар задани муноқиша бо шаҳрвандони Қирғизистон бояд роҳ дода нашавад. Онхо бояд мувофиқи қонунҳои амалкунанда ва аз руйи дастурҳои Ҳукуматдорони тоҷик муамоҳои байни шаҳрвандони Қирғизу Тоҷикро ҳал намоянд. Дар акси ҳол муноқишахои байни сарҳадӣ ва баҳси марзӣ тез-тез суръат гирифта, сабаби ҷонфидоии шаҳрвандон гашта барои истифодаи силоҳ аз чониби мақомотҳои кудрати мегардад.

Аз ин ҳолат аксаран бадхоҳони сулҳу субот дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон, барои паҳн намудани ҳар гуна маълумотҳои бардуруғи иғвогарона дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ истифода мебаранд. Ба гапу каловчаҳои гуногун бовар накунед, мардуми тоҷик сулхоҳ аст ва намегузорад, ки мардумаш осеб бинад.

Ҷомеаи устодона факултети телекоммуникатсия ва ТИ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ