​Вабои аср

Маълуми ҳамагон аст, ки бемории сироятии бо штампи Covid-19 дар тамоми дунё паҳн шуда истодааст. Инро вабои аср гўем хато намекунем. Бар асари беморӣ чанд ҳазор нафар ҷон бохтаву миллионҳои дигар ба таҳаллука омадаанд. Аз давраи пайдоиши вируси хитоӣ, дар мамлакати мо низ корҳои пешгирӣ кунанда гузаронида шудаанд. Вале мутаассифона бар сари халқи тоҷик беморӣ дар расиду мо низ дар қатори дигар миллати дунё ин имтиҳонро бояд гузарем.

Мо халқи бо нангу номус ҳастем, набояд ба таҳаллука афтодаву ҳаргуна смспаёмакҳое, ки бо тариқи интернетҳо имрўз меоянд бовар намоем. Бояд, ҳар як шаҳрванди тоҷиксаломатии худро пешгирӣ намояд. Имрўз чихеле, ки аз оинаҳои нилгун гуфта истодаанд ва духтурони қаҳрамонони мо тавсия дода истодаанд, бояд ба кўча дар ҳолати зарурӣ бароем ва аз ниқобҳо истифода барем.

Мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ руҳафтода нагардем, зеро падари миллат Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ҳамраҳи халқи худ мебошанд ва барои муҳофизати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мубориза бар зидди ин беморӣ мебаранд. Имрўз мо изҳори миннатдорӣ бояд ба духтурону пизишконе, ки дар беморхонаҳошабу рўз фаъолият карда истодаанд сари тазим фуруд орем, зеро маҳз бо ғамхории онҳо чандин мардумон сиҳат хоҳанд ёфт.

Раҷабова Зӯҳрохон Баротовна – муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ