​Аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пойи фил?

Хиёнаткор дар ҳама давру замон ба нафрини мардум гирифтор мегашт ва имрўз ҳам дар асри бисту як низ ин одат идома мекунад ва боз дар асрҳои дигар низ давом хоҳад кард.

Дар ибтидои асри бист Иброҳимбек Чақабоев – сардори босмачиёни Осиёи Миёна баъди он ки сарпарасташ – хадамоти ҷосусии Британияи Кабир маблағгузориро қатъ кард, ягона роҳи наҷотро на дар хориҷи ватан, балки дар даруни кишвар дид. Бо мақсади таслим шудан аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ба зодгоҳаш хати сарҳадро вайрон карда даромад ва таслим гашт…

Иброҳимбек ва пайравони гумроҳгаштааш он замон фаҳмида буданд, ки аз онҳо дар муддати кўтоҳ хиёнаткор сохтаанд. Аммо дар асри бисту як бо вуҷуди тараққиёти илму техника боз ҳодисаҳо такрор мешаванд. Боз хиёнаткорон дар беруни кишвар бар зидии зодгоҳашон тир мераронанд ва ин навбат тири туҳмату иғвову дасиса, дар майдонҳои набарди иттилоотӣ. Хиёнаткорон роҳбар ва саркардаи худро доранд, ки Муҳиддин Кабирӣ аст ва созмонашон алҳол Паймони миллии Тоҷикистон ном гирифтааст. Мутаассифона, ҷавонони гумроҳ ва камсавод ба доми макру тазвири Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш мешаванд.

Гарчанд Кабирӣ худро хоксорнамо мегирад, соҳиби чандин бозор, хонаҳои истиқоматӣ, ширкатҳои сохтумонӣ будааст. Яъне айнан худаш ҳамон ҳолро доштааст, ки дар суханрониҳои имрўзааш мансабдорони кунуниро танқид мекунад. Ва ё худаш танқид накунад ҳам, пайравони ғаразхоҳаш дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки фалонӣ чӣ дораду фалонӣ чӣ надорад ва кадом ширкат азони кисту соҳибмулки фалон коргоҳ кист?

Балою вабои аср – Ковид 19 ба Тоҷикистон ҳам омад ва аз он ҷои гурез набуд. Духтурон аз пайи шифо ёфтани беморон, масъулони мақомоти иҷрояи ва Ҳукумати Тоҷикстон шабонарўзӣ ҷон рўи даст гирифта зидди ин вабо дар мубориза истодаанд, аммо ин аҳмақони хиёнаткор ба айбдоркунӣ машғул ва бо суханони қабеҳашон ба болои мурда сад чўб карданд. Мутаассифона, иғвову дасисаҳояшонро баъзеҳо бовар ҳам карданд. Чун чанд рўз воҳимаи коронавирус ҳам хеле калон буд, ногузир ба лаққиданҳои Кабирӣ ва думравонаш гўш карданд, ки он мақоли аблаҳ гуфту девона бовар кардро ба хотир меоварад.

Табибони Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кореро ба сомон расониданд, ки коронавирус дар кўтоҳтарин муддат бо талафоти камтарин сипарӣ гашт ва мисли ИМА, Испания, Италия ва ё Руссия миқдори фавтидагон ҳазорон нафар нагардид.

Паймони миллии Тоҷикистон ва роҳбару пайравонашро дастовардҳои миллати тоҷик руҳбаланд намекунад. Чунки чашми дидан надоранд. Чашме ки ба онҳо Худо додааст, нағзиро не, балки бадиро, нурро не, зулумотро, воқеият не, маснуиро мебинад. Шояд ин чашм аз Ватан дида, бештар хоҷагони хориҷиро ҳам бинад?Собиқ аъзои ҳизби наҳзат Ҷамшед Назруллоев нисбати Муҳиддин Кабирӣ истилоҳи хубро кор фармуд, ки «ватанбизнес» аст. Кабирӣ ва пайравонаш имрўз хиёнатро пеша гирифта, ватанфурўшӣ доранд.

Чанд собиқ наҳзатӣ, ки дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд, оё метавонанд, ки иродаи халқро дигар кунанд? Дар сурате ки халқи ҷафокашидаи тоҷик кӣ будани ин хиёнаткоронро медонад. Ин кирдори номардонаи паймониёнро касс тамошо мекунаду беихтиёр ин гуфтаи халқ ба хотир мерасад аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пойи фил?

Пайрав Сулаймонзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ