Изҳорот: Пешгирӣ ва бартарафкунии бемории Коронавирус мақсади мост!

Бо баробари пайдо шудани бемории нави каронавирус ковид 19 хукумати Чумхурии Точикистон чорахои саривакти андешид. Инчунин вобаста ба ҳолати имрузаи вазъи паҳншавии беморӣ, рафти муолиҷа, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ, маводҳои дорувории протоклии ташхисӣ, барои беморон шароит мусоид арзёби мегардад.

Аз рӯи нишондод, ҳоло дар вилоят коргоҳҳои дузандагӣ бо дӯхтани корҷомаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо аз матоъи истеҳсоли ватанӣ машғул ҳастанд. Ҳоло дар як руз зиёда аз 4000 дона корҷома ва 270 ҳазор ниқобҳои муҳофизати истеҳсол карда шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ва сокинон дастрас шуда истодааст. Ҳамчунин барои безарар гардонӣ ва бурдани корҳои дезинфексионӣ 40 тонна маҳлули гидрохлориди натрий аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Дар ҷойҳои ҷамъияти, кӯчаҳо ва мавзеъҳои истиқомати корҳои безарагардони идома дорад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои воридкунандагони маводи дорувори тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда алҳол ҳар рӯз аз хориҷи кишвар дорувори ба вилоят ворид карда шуда истодааст, ки боиси хотирчамъи ва ба тахлука наафтодани ахоли аст.

Бо назардошти вазъи ба амал омада кулли омузгорони ДДХ ба номи академик Б.Гафуров чорахои пешгирикунандаро ичро намуда, аз никобхои мухофизаткунанда ва махлулхои безараркуни истифода мебаранд. Дар мачмуъ гуфтан мумкин аст, ки устодон бо дарки масъулияти баланд бахри боз хам рох надодан ба пахншавии бемории каронавирус фаъолият мебаранд. Аз чумла кафедраи умумидонишгохии фалсафа байни аъзоёни худ корхои фахмондадихиро пурзур намуда истодааст.

Вокуниши кафедраи умумидонишгохии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ