Ҳароси коронавирус аз ТТЭ ҲНИ

Хушбахтона дар Тоҷикистони азизи мо Наврӯзи ҳуҷастапай, ки рамзи хушбахтиву саодат ва шодиву сурур эътироф шудаву тайи 6 ҳазор сол паёми баҳору шукофоиро ба мардуми башар овардааст, фаро мерасад ва тамоми сокинони мамлакат ба пешвози ин ҷашн омодагӣ дида истодаанд ва метавон таъкид кард, ки хусусияти ваҳдатгароёнаи наврӯзу ҷашнҳои аҷдодӣ аст, ки мардумро сари дасторхони нозу неъмат сарҷамъ намуда истодааст. Албатта бояд қайд кард, ки вазъи ҷаҳонбо пайдо шудани вируси карона-2019 ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука оварда, дар пайи ин балои самови зиёда аз 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 ҳазор нафар аз ин беморӣ ранҷ мебаранд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалин кишварҳое ба шумор меравад, ки барои пешгирии ин вабои аср тадбирҳои заруриро дар сатҳи баланди Ҳукумати роҳандозӣ карда, ҷиҳати пешгирии он чораҳои мушаххасаеро роҳандозӣ намуд ва ин тадбир имрӯзҳо идома дорад. Яке аз тадбирҳои асосӣ маҳдуд кардани сафари шаҳрвандон ба кишварҳои офатзадаи вирусӣ ба шумор меравад ва дар пай чунин корҳо як чанд вақт гузоштани намози дастаҷамъӣ дар масҷидҳо ба шамор меравад ва ду рӯз аст, ки гузоштани намоз дар масҷидҳо иҷозат дода шуд. Зеро як муддат бо мақсади пешгирӣ аз беморӣ зарурат пеш омад, ки чунин тадбирҳо ҷорӣ карда шавад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз ғамхории Ҳукумати мамлакатродар роҳи солимии ҷомеа ва пешгири кардани ҳар гуна ҳодисаҳое, ки барои саломатии инсон хатар дорад, эҳсос намуда истодаем ва бояд қайд кард, ки нақши Ҳукумати мамлакат дар роҳии ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ин марҳалаи басе ҳасос бар аъло эҳсос гардид. Зеро то имрӯз ҳодисаи сирояти одамон бо коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирфта нашудааст.

Ҳарчанд баъзе аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар борҳо Худо гуфта истодаанд, ки мардуми кишвар ба он сирояи ёбанду онҳо дар берун боз як ҳангомаи навро дар интернет ташкил кунанд. Хушбахтона дар Тоҷикистон эмин аст. Дар ҳоле, ки кишварҳои ҳамсоя алакай сирояти ин вируси ҷонгирро ба қайд гирифтаанд. Тоҷикисто имрӯз кишвари Наврӯз аст ва мардум бояд хурсандӣ кунанд ва ин ҷашни аҷдодиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн бигиранд. Мо медонем, ки дар тӯли асрҳо домуллоҳои мутаассибе мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои таҷлили ҷашни Наврӯз монеа эҷод ме4ардан ва имрӯз онҳо ин корро анҷом дода истодаанд, лекин мардум нагузошт,ки инх гуна хоинон расму одатҳои миллии онҳоро ба дасти хурофот диҳанд ва нобуд созанд. Як тавсиаи Абӯалӣ ибни Сино буд, ки дар ҳангоми омодани вабо дар шаҳри Хоразм аз он иборат буд, ки мардум бояд хурсандӣ кунанд, аз вабо натарсанд ва рос ба чашми вирус нигоҳ карда гӯянд, ки эй вабо ман аз ту наметарсам. Ин хоинон, ки аз гузаштаву имрӯзаи худ бехабаранд ин дастуроти Абӯалӣ ибни Синоро аз хотир баровардаанд. Имрӯз Тоҷикистон ягон мушкилӣ надорад. Аз гуфтаҳои ҳангомабарангези Кабирӣ ваҳаммаслаконаш ҳадафҳои ғайриинсони ва ғайрбашарӣ нуҳуфтааст. Кабирӣ, ки иттиҳоду ваҳдат, шодиву хурсандии мардумро намехоҳад, аз ин фазои наврӯзии мардуми тоҷик сахт ба таҳлука афтодааст. А ин ҷиҳат, намояндагони ТТЭ ҲНИ дар пайи ин ташаббусҳои мардуми тоҷик чунин навиштаанд: “Рӯзи шанбе ҳамин тавр, дар вилояти Хатлон бо иштироки 5 ҳазор нафар дави наврӯзӣ барпо кардаанд. Ин мақомот магар фикр мекунанд, ки вирус метавонад ба масҷид дарояд, вале ба маъракаҳои идеологии ҳукумат намедарояд? Ё шаҳрдории Душанбе бо тавсияи вазорати тандурустӣ ҷашнвораи оши палавро лағв кард, вале гуфт, мусобиқаи гуштин ва пойгаи аспҳо ба муносибати Наврӯз доир хоҳад шуд. Магар вирус фақат ба ҷашнвораи оши палав таъсир дораду ба гуштину пойга не?"

Фаъоли тоҷик Омар Амониён навиштааст, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон дар фикри мубориза бо коронавирус асту аз мардум хостаанд, ки ҳаддалимкон ба берун нараванд, Русияву Ӯзбекистону Қазоқистон ҳатто марзҳояшонро бастанд, ҳатто Каъба барои зиёрат пӯшида шудаву попи Рум намозашро ба танҳоӣ адо мекунад, дар Тоҷикистон касе дар фикри лағви тантанаҳои наврӯзӣ нест ва дар Хуҷанд ҳамчунон 11 ҳазор хонандаву донишҷӯӣ аз субҳ то шом ба пешвози президент дасту пой мекӯбанду “маршировка” мекунанд. “Чаро ҳукуматдорони мо ба ҷони мардуми худ раҳм надоранд ва дар ин рӯзҳое, ки тамоми ҷаҳон талош дорад то пеши роҳи ин ваборо бигиранд шумо чунин хунукназариро ба ҷони худ ва фарзандони худ раво мебинед? Оё соҳаи тандурустии мо қудрати онро дорад, ки Худои нокарда, ин вабо дар мамлакат сар зад, беҳдошти ин мардумро таъмин карда тавонад?””. Ин ҳангомаҳо ва ин хел арзёбӣ кардани омодагиҳои наврӯзӣ яке аз тадбирҳои ТТЭ ҲНИ ба шумор меравад ва ин коррро давоми истиқлолияти давлатӣ то 30 сол аст, ки идома медиҳанд ва шарм намедоранд. Аз ин ҷиҳат, ин ҳангомаҳое, ки онҳо ба воситаи интернет ташкил карда истодаанд, танҳо барои ба таҳлука андохтани сокинони мамлакат мебошад. Тамоми сарҳадҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷие, ки вирусзада ҳастанд баста шудааст ва бояд мардум донанд, ки дар ин самт корҳо пурзӯр карда шудаанд ва Худо хоҳад коронавирус -2019 нафаронеро ба мисли аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба коми худ хоҳад гирифт. Зеро дасти онҳо ба хуни мардуми бегуноҳи кишвар олудааст ва инро Худо низ намебахшад.

Абдуллоев Р.Х.–сардори раёсати илм ва инноватсияи МДТ “ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ