​Эълон! Бурсияҳо барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки Ҳукумати Федератсияи Россия тибқи нақшаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби буҷети федералии Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2021-2022 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 630 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст.

Тибқи маълумоти Намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди довталабон аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 тариқи сомонаи интернетии www.edu.rs.gov.ru ба роҳ монда шуда, баргузории даври аввали имтиҳонҳо аз 21-уми феврал то 14-уми марти соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ