Короновирус ва кӯшишҳои минбаъдаи ҷудоихоҳии наҳзатиҳо

Паҳншавии короновирус барои тамоми инсоният фоҷиа гардидааст, ки миллионҳо нафар дар тамоми гӯшаву канорҳои дунё ба он гирифтор гардида, ҳазорон нафар ҷони худро аз даст додаанд. Чунин вируси зудпаҳншавандаро то ҳол таърихи инсоният надида буд. Бар асари паҳншавии коронавирус қариб тамоми давлатҳои дунё бо мақсади эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандони худ пурра ё ин ки қисман карантин эълон намудаанд. Албатта, чунин ҳолат ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Кишвари мо аз кишварҳое мебошад, ки новобаста ба оне, ки аз тарафи ҳукумат барои пешгирии падидоии коронавирус чораҳо андешида шуданд, лекин мутаассифона 29-уми апрели соли ҷорӣ оид ба пайдошавии ин беморӣ дар хоки кишвар низ расман маълумот дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки чораҳои зидди коронавирус андешидаи ҳукумати кишвар бенатиҷа набуданд. Барои мисол бемории мазкур дар кишвари ҳамсояи мо – Чин ҳоло моҳи декабри соли 2019 пайдо шуда буд. Охирҳои моҳи март бошад дар тамоми кишварҳои ҳамсояи мо коронавирус бо суръат паҳн мешуд.

Фоҷиа вобаста ба паҳншавии коронавирус барои мухолифини дар хориҷа буда баҳонае барои танқид кардани ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Онҳо ба воситаи шабакаҳои террористӣ (Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) сиёҳкунии ҳукумати кишварро вусъат дода истодаанд. Ҳол он ки фоҷеа ба монанди паҳншавии коронавирус, ки дар асари он ҳазорон нафар метавонанд қурбон шаванд, на омили ҷудоӣ, балки омили муттаҳидии миллат гардад.

Дар таърихи башарият маҳз бар асари фоҷеаҳо, ки ба амнияти тамоми сокинони кишвар таҳдид менамуд, ба монанди ҳуҷуми аҷнабиён, аҳолӣ муттаҳид гардида, якҷоя бар зидди хатари умумӣ мубориза мебурданд. Муттаассифона намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷа қарор доранд, фоҷиае, ки натанҳо фоҷиаи умумимиллист, балки фоҷиаи миқёси умумиҷаҳонист, ҳамчун баҳона барои мақсадҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд. Албатта ин бесабаб нест. Ин рафтори онҳо бори дигар аз он далолат медиҳад, ки манбаи даромади онҳо маҳз супоришҳои хоҷагонашон мебошад, ки мехоҳанд вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором созанд. Лекин шаҳрвандони Тоҷикистон дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид аст ва чихеле ки аз вазъиятҳои аз ин ҳам вазнин баромада будем, аз ин вазъият низ мебароем.

Ҳусенов Ф.,

муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ