Изҳорот: Тоҷикон мардуми сулҳҷӯй!

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гаштааст. Ҳарчанд, ки далелҳои замини сарҳади ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ буданаш вуҷуд дошта бошад ҳам, лек ҳамсоя кишвар Қирғизистон бо он норизо буда, мехоҳанд ин маконро аз они худ кунанд.

Аз ин рӯ баъзан нофаҳми боиси муноқишаи қирғизҳо ва сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара мегардад. Албатта ин амали қирғизҳо нодуруст ва аз рӯи инсоф ҳам нест. Агар ба таърих назар афканем Тоҷикистон ва Қирғизистон муносибати дӯстона доштанд ва ин анъана мавқеи худро ҳоло гум накардааст. Бояд дӯстии ин ду халқи ба ҳам бародар то абад боқӣ бимонад ва тарафҳо алалхусус Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи худро дӯстона нигаҳ дорад. Чун як амали ноҷо метавонад сару садоҳои зиёдеро ба миён оварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат дар ҳар як баромадҳои худ таклиф менамоянд, ки бо ҳамсоякишварҳо дӯст бошем, иттифоқ бошем. Ва ин урфу одат мардуми тоҷикро тарк намесозад. Боиси таассуф аст, ки баъзан мардуми Қирғизистон ин муносибати сулҳҷӯёнаро ба инобат намегирад ва амалҳои ғайриқонунӣ мушоҳида мешавад.

Дар замони дигаргуншавии ҳолатҳо бояд халқҳо, миллатҳо, кишварҳои ба ҳам ҳамсоя дӯст бошанду нисбати ҳамдигар ғайриинсонгароёна муносибат накунанд. Боварӣ дорем, ки масъалаи мазкур бо сиёсати пешгирифтаи сарвари муаззами кишвари азизамон Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаллӣ худро ба пуррагӣ меёбад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ