Мо пирӯз хоҳем шуд!

Имрӯзҳо, ки тамоми ҷаҳонро бемории сироятии марговари короновирус (COVID 19) фаро гирифтааст билохира ҷумҳурии маҳбуби мо низ пас аз истодагирии тамом ва саривақт андешидани тамоми чораҳои зарурии пешгирикунанда бисёрам боиси таассуф аст, ки ба ин беморӣ гирифтор шуд. Таҷрибаи пизишкони пуртаҷрибаи соҳа нишод дода истодааст, ки ин бемори на он қадар, ки овозааш мекунанд, боиси талофоти ҷони мешавад.

Имрӯз давлату ҳукумати кишвари азизамон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки то ин вабо паҳн ва боиси бисёр талафоти ҷонӣ нагардад.

Дар қаламрави кишвар, инчунин бевосита бо дастуру супоришҳои саривақтии Пешвои муазамми миллат оид ба пешгирии бемории короновирус - COVID 19 таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис гардид, ки бар асоси ингуна тасмим дар тамоми шаҳру ниҳояҳои кишвар низ ситоди махсус таъсис ва фаъолият бурда истодааст.

Имрӯз тамоми беморхонаҳо ва марказҳои саломатии ҷумҳурӣ омодаи қабул, ва ташхису табобати гирифторшудагон ҳастанд ва тамоми шароитҳои зурурӣ фароҳам оварда шудааст. Танҳо мо бояд сабр ва сабуриро пеша намуда ба ҳар гуна овозаю дасисаҳои иғвоангезон дучор нагардем.

Риоя намудани гигиенаи шахсӣ, ва пушидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад пешгири сироят ёфтан ба ин беморӣ шавад, вале агар рафту нишонаҳои бемори дар шахс пайдо шуд ҳеҷ ҷои воҳима надорад, зеро аксари мардум инро дарк нанамуда паси сар менамоянд. Муҳим дар он аст, ки мо ба таҳлука наафтида, аз воҳима намудан даст кашем чун таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарифи кишвари маҳбумамон вазниниҳои аз ин дида гаронтарро паси сар намуда аст.

Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкиднамуданд барои нест намудани ин вирус аз кишвари азизи мо танҳо амал намудани чанд кори одди аммо бениҳоят муҳим. Ин риояи кардани тавсияҳои духтурони мо мебошад. Ба таҳлука наафтем, тарс ақлу ҳушро кунд ва баданро заъиф менамояд. Имруз дар кунҷу канори мамлакат шахсони маъул ва фаъолони шаҳрвандӣ ба амали намудани корҳои тарғиботӣ масъаларо барои ҷамъият равшантар сохта истодаанд.

Вақти он фаро расидааст, ки мо ҳама ҷавонон дастаҷамъона масъулиятро дар назди Ватани маҳбубамон ҷидди қабул намуда, ҷомеаро аз таҳлукаву воҳимаҳои бардуруғ огоҳ созем, то ин ки мардум аз шарри ҳар гуна иғвоангезон огоҳ бошанд.....

Донишҷуёни факултети филологияи руси ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ