​Бо иродаи қавӣ метавонем комёб гардем!

Cарвари давлат аз рӯзҳои нахустини паҳншавии коронавирус (COVID — 19) бо мақсади ҳифзи сиҳатии сокинони кишвар роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, Прокурори генералӣ ва роҳбаронивоҳидҳои сохториидахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президентро вазифадор карда буданд, кичораҳои зидди эпидемикиро дар қаламрави мамлакат пурзӯр намоянд. Мутобиқи Амри Президенти Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда буд.

Имрӯз ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода шуда истодааст.

Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Президенти кишвар қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами низоминазорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кишвар, аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки тадбирҳои масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ, ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсиро риоя намоянд.

Аз давраи оғози хуруҷи бемории сироятии коронавируси нав Ковид-19 Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва аз сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки ба овозаҳои беасосу кучагӣ бовар накунанд ва Мо якҷоя ин мушкилии муваққатиро бо таҳаммул бо иродаи қавӣ ва сарбаландона пасисар хоҳем кард.

Ҷамолиддин Абдукаримов,

муовини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ