​COVID-19 чист?

Ин беморӣ оё худ ба худ пайдо шудааст ва ё ҳадафҳои иҷтимоиву иқтисодии худро дорад? Ин суолҳоест, ки саросари оламиёнро ба ташвиш овардааст. Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус низ меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наметавонист кишвари моро сарфи назаркунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, куфт. Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гӯш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд...

... Дар мамлакате, ки аксаран мусалмонон зиндагонӣ мекнанд, аз фурсати муносиб истифода бурда, фурӯшандагони “ботақво”нархи хӯроквориву дорувориро ба осмон расониданд. Мардуми бечора ба хотири оне,ки бе нон намонанд чанд халта орд харидорӣ намуданд.Ин манзараро баъзе аз хоинони миллат ҳеле хуб истиқбол намуда, боз ҳукуматро мутаҳҳам намуданд. Акнун чаро хомӯшед? Ҷилави доруфурӯшону орду равғанҷалобонро кӣ кашид? Ҷаро наменависед? Чаро пас аз тамоошои болорасии нархҳо дар Ҷумҳурӣ дар айни паҳншавии COVID-19, ки гуноҳи кабира аст, амри маъруф накардед? Магар ин рисолати мулло нест?

Дар ҳоле, ки намояндагони халқу миллатҳои дигар барои риояи суннатҳои ҳаммарзиву ҳамсоягӣ ба мардуми тоҷик дасти кӯмак дароз менамоянд, масхара гардидан аз ҷониби фарзандони миллати худамон хеле аламовару ҳузнангез аст, аммо чӣ илоҷ фарзанде, ки ба ҷанозаи модараш намеояд, аз ӯ ҷойи гилагузорӣ ҳам нест. Мусалмонони ҳақиқӣ, тоҷикони асил, имрӯз низ намегузоранд, то фарҳангҳои миллӣ рахна ёбанд. Имрӯз аз ҳоли ҳамдигар тавассути телефону интернет хабардорӣ менамояд, ба хонаҳои ҳамдигар доруву хӯрокворӣ мефиристонанд, табибоу беморонро дастгирӣ карда истодаанд. Шукри Худованд, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар хизматрасонии фосилавии бонкӣ хеле пешсаф буда, мардумкортҳои ҳамдигарро пурра карда истодаанд.Бояд зикр кунам,ки COVID-19, дар қатори дигар шаҳрвандони ҷумҳурии азизамон дари мову пайвандонамонро низ кӯфту чанд нафаре аз хешовандону наздиконамон мубталои ин беморӣ гардидем, аммо нагузоштем, ки суннатҳои фарҳангӣ нопадид гардад, то фарзандон, ки идомадиҳандаи насли мо хоҳанд буд, бо ҳамдигар бемурувват бошанд. Аққалан ҳамдигарро бо сухани нарм дилбардорӣ намуда, бовар мекунондем, ки бо кӯмаки табибони ҳозиқ шифои комил хоҳанд ёфту мо доимо дар паҳлуяшон ҳастем, зеро мақоли «Меравад рӯзи гушнагӣ, мемонад к…ни сӯхтагӣ»-ро имрӯз мо набаровардаем.

Ҷанобон, биёед, мурдаро монда тутхӯрӣ намекунем, зеро дар назди марг ҳамагон оҷизем. Паҳншавии бемории COVID-19 ро як навъ даъват аз ҷониби Худованди бузург қабул намуда, аз ғазаби ӯ метарсем, зеро “Калтаки Худо садо надорад, баъди заданаш даво надорад!”

Бигзор, Худованд ба тамоми беморони рӯи дунё шифои комил ато фармояду, ҳамагон аз бистарӣ беморӣ бедард бихезанд!

Сарвиноз Ҷӯраева,

мудири кафедраи умумидонишгоҳии

ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ