Изҳорот: Ба ҷанг бояд роҳ надод!

Вазъи кунунии минтакаи деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара, ки ба онҳо фишори ҳамсоя Қирғизистон мушоҳида мешавад, ташвишовар мебошад. Чун ин вазъият чанд вақт идома дошта то ҳол ҳамсояи кишвар Қирғизистон ба созиши пурра наомадаанд. Ин дар ҳолест, ки тамоми ҷаҳон ва давлатҳо бо проблемаи глобалии паҳншавии бемории нави каронавирус ковид 19 машғул ҳастанд. Ҳоло фурсате расидааст, ки бояд ҳама дӯст бошанд ва ба созиш оянд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад.

Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гаштааст. Ҳарчанд, ки далелҳои замини сарҳади ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ буданаш вуҷуд дошта бошад ҳам, лек ҳамсоя кишвар Қирғизистон бо он норизо буда, мехоҳанд ин маконро аз они худ кунанд. Албатта ин амали қирғизҳо нодуруст ва аз рӯи инсоф ҳам нест. Зеро фишори онҳо ҳам ба сокинони деҳа мушиҳда мегардад, ки бояд ҳаллӣ онро ёфт. Аммо ҷоизи қайд аст, ки набояд ҳамосоя кишварҳо зидди ҳам баромада ба чангу ҷидол роҳ диҳанд.

Бояд тарафҳо алалхусус Қирғизистон ба созиш оянд ва аз рӯи қонунгузрӣ амал кунанд. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем ба ин баҳси сарҳадӣ хотима бахшем. Яъне бояд ду кишвари ба ҳам ҳамсоя алалхусус Қирғизистон муносибатҳои худро самимӣ ва сулҳҷӯёна намоянд, то ин ки ҳар ду ҷониб зарар набинад.

Ҳотамова М.Ғ., муаллимаи кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафа


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ