​Наҳзатиёни “олимтарош”

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои муроҷиатомезонаи баъзе аз ашхосони “олим", “қорӣ", “ҳофиз"-и Қуръон бештар шудаасту ҳамаи онҳо аз оятҳои шариф оғоз мегарданд. Гӯиё бо оғоз намудан аз Каломи шарифу онро таҳлил бинмудан барои бинанда доноиву аз аҳли дин будани муроҷиаткунандаро нишон медода бошад, мардуми ноогоҳ бошанд, шефтаву фирефтаи ин “ҳофизон”-и Қуръон мегарданд...

Чанде пеш сардабири сайти “ҳақгӯ”-и “Ислоҳ.нет” бо муҷодила ба сӯи мақомоти кишвар навореро сабт бинмуда ба маърази умум гузоштааст. Наворро бо ном аз оёти Қуръон оғоз бинмудаасту ҳатто шарҳу тафсири онро аз авроқи паси таҷҳизоти наворгиранда монда, боғурур хонда, донотарошӣ дорад...

Бо исрору таҳдид бонг мезанад, ки сомонаи дуруғини “ҳақгӯяшон”-ро дубора бо тарҳи наву бештаре рӯи кор меандозандуонро барқарор намуда, барои “ҳаводорон”-и хеш манзур менамояд... Бидон, ки ҳақгӯии ту, ба касе лозим нест,дурӯғгӯиву сафсаттабозиҳои шумоёнро танҳо “ҳаводоронатон” мақбул медонанду дигар касе не!

Агар ба таърихии начандон дури халқи тоҷик бингарем, ҳанӯз солҳои пасошӯравӣ низ тоифа мардум бо ана ҳамин тарҳ амал менамуданду аз номи Қуръону дини Ислом мардумро ба “озодӣ” даъват менамуданд... оқибати кор ба ҷое бирасид, ки бародар хуни бародар бирехту ҷанги таҳмилӣ барангехт... Чунин тарҳи корбарии наҳзатиёнро халқи тоҷик кайҳо дарк кардаву дигар ба тӯҳматҳои ин нобакорон боварӣ ҳам надорад!

  • Магар шумоён дорандаи забон, дин, таммаддун, маданияту китоб ҳастеду бо гурезагии худ ҳамаи онро нигоҳ медоред? Аз чӣ ва ё кӣ? Аҷнабиву хоин гуфта, киро дар назар доред? Магар худ, шағолакони думболгири худу хоҷагони хориҷии худро, ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи аҷнабӣ “шахси аз миллати ғайр, бегона” омадаасту хоин “хиёнаткунанда, хиёнаткор” намегӯед!
  • Магар шумо дар миллати бегона нишаста, хок бар миллату давлати хеш намезанед? Ин хиёнаткорӣ нест? Ин хоинӣ нест? Ана ҳамин амалҳои нопоки шумоёнро хоин ном мебаранду лаганбардори хоҷагони хориҷии худ...

Ин “олим”-и пурдон аз таърих сухан кардаву ҳар қадами худу паймони беимони худро бо авроқи таърих баробар намуда, худро бо қаҳрамону сарсупурдагони он давр дар як саф гузоштааст... Кӯҳнишиниҳои бобоёнро аз таърих бо зиндагии имрӯзаи худ баробар бинмудан аҳмақист!

Охир шумо нобакорон дар давлатҳои ғарб зиндагии шоҳона дореду имрӯз бонги бенавоӣ мезанед? Шумо бо ин гуна суханбозиҳои худ дигар касе аз халқи осоиштаро гумроҳ карда наметавонед!!! Ин қадар зӯри беҳуда назанед!!! Зеро миллати тоҷик имрӯз худ ва тоҷикзода будани худро шинохта гирифтаасту дигар ба шумоён барин нобакорон сар намеафканад!

Ростгӯиву ҳақтарошиҳои шуморо чи кунем, ки ҳамагон чашми бино дорему дар макони ободу осуда зиндагии озодро бурда истодаем! Ҳар кас ба амалкарди худ, нон мехӯрадва бо ақли солими хеш умр ба сар мебарад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ