​БА РАДИОИ ОЗОДӢ: Бо як хабари вайрона, кардӣ ҳамаро чун девона!

Имрӯзҳо аксарияти шабакаҳои иҷтимоӣ ба масоили пешгирии вабои аср “Каронавирус” ба мардум иттилоъ мерасонанд ва аҳолиро аз маълумотҳои оморӣ, пешгирикунанда ва оқибатҳои он мусаллаҳ месозанд. Ҳатто дар сомонаҳо ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои махсусеро ҷой додаанд, ки аз он хонанда метавонад маълумоти саҳеҳро пайдо намояд. Ин мафҳум ва ин масоил дарди бедавои аксарияти кишварҳои хориҷӣ гардидааст.

Дар воқеъ, имрӯзҳо дар Тоҷикистон корҳои пешгирикунанда рафта истодаанд, ки ҳамаи он ба хотири нигоҳдорӣ аз ин бемории сироятии Каронавирус ва тарғиби ҳаёти солим мебошад. Аммо писанди мардум ва гӯёву фаҳмост!

Аммо шоми 5-уми апрел хабари Радиои Озодӣ таҳти унвони Пас аз марги марди 60-сола беморхонае дар Суғд зери карантини шадид гирифта шуд” ва инчунин субҳи имрӯз дар бораи “Шарҳи мақомот дар бораи фавти як сокини Суғд ва карантини кормандони тиб” таҳия ва нашр гардид, ки хабари якумӣ ба дуюмӣ мухолифат мекунад. Танҳо сарлавҳа барои ҷалби хонанда дораду халос...

Хабар бояд дақиқ, равшан, бидуни таҳлукаандозӣ ва фиребу пиари худ таҳия ва нашр гардад. Магар душвор аст, ки ҳолатро омӯхта, пас аз ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилои расмӣ пешкаши хонандагон гардонад. Дар ҳоле, ки пас аз чанд лаҳзаи ин хабари Радиои Озодӣ мақомоти давлатии тандурустии кишвар ин хабарро беасос шуморид. Дар Баёнияи матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст...” Магар мушкил аст, хабарро аз ҳамин ҷумла ё бо такя ба сарчашмаи иттилои расмӣ оғоз намуд. Баръакс, ин тадбири Радиои Озодиро метавон бемасъулиятӣ дар таҳияи хабар ва ҳангомасози беасос номид!

Бо як хабари вайрона, кардӣ ҳамаро девона!

Умед Ҳасанов, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ