Изҳорот: ​Замину сарҳаду оби сарзамини Тоҷикистон соҳиб дорад

Замину сарҳаду оби сарзамини Тоҷикистон соҳиб дорад ва ниёз ба таҳлилу тақсимоти ягон доное надорад. Аз маълумотномаи «шоҳид» хондем, ки гурўҳи сеюм гуфта лату кўб мекунанд, пул талаб мекунанд ва ҳоказои дигар. Барои ҳамин кўшиш намоед, ки ақаллан сазовори боварии маҳалла ва дўстони худ бошед. Дар урфият мегўянд: «буз агар хирман кўбад, ҳоҷат ба барзагов нест». Ин ҷо як ё ду ва шояд каме зиёдтар бузичаҳо ҳаваси хирманкўбӣ карда, дар байни мардум, бахусус ҷавонон ҳисси нобоварию дудилагиро бедор кардан мехоҳанд. Аммо, имрўзҳо сафи ҷавонони бонангу номус зиёд шуда, баҳри ободии Ватан шабу рўз талош меварзанд.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазор маротиба таъкид месозанд, ки «… шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукр кунед, ки Ватани ободу осуда доред». Мо боварӣ дорем, ки ин таъкиди дилсўзонаву оқилона барои ҳар як ҷавони бонангу номуси шиори зиндагӣ мегардад ва боиси баланд шудани ҳисси худшиносиву ватандорӣ мегардад. Шоири бузург Аблуқосим Лоҳутӣ хеле бамаврид гуфтааст:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрўз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?

Агар ҷавонони имрўз байти болоиро аз худ мекарданду аз рўи он амал менамуданду аз пайи ободии хонаву дар, кўчаву маҳалла, мактабу муассисаҳои таҳсил кардаашон мешуданд, на қирғиз, на тотор, на каси дигар ба хоку оби Тоҷикистон бо ҳасаду чашми бад нигоҳ намекард.

Такрор шавад ҳам гуфтанием, ки ҳар як ваҷаб замин ва ҳар як қатраи оби Ватани азизамон - Тоҷикистон СОҲИБ дорад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ