​Изҳорот: Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!

Мутаассифона дар баробари оне, ки имрӯзҳо саросари оламро вабои аср сироят мекунад, ба ҷои ҳамзистиву риояи ойинҳои неки ҳамсоядорӣ ва кӯмаку мусоидат ба пешгирии ин бемории сироятӣ бархе аз намояндагони ҳамсоякишвари Қирғизистон даст ба тухми кинаву буҳтон зада, мехоҳанд авзои ороми марзиро ноором созанд. Албатта ин бадандешону тангназарон ба нияти нопоки худ нахоҳанд расид. Воқеан, дарди бадро давои бад мегӯянд. Он нафароне, ки имрӯз аз фурсати дар таъйини дар хона нишастани мардум сӯйистифода намуда авзои марзиро мехоҳанд ноором созанд ҳеҷ гоҳ ба мақсадашон намерасанд. Ва давояшонро фарзандони ҷасуру далеи кишвари мо хоҳанд дод.

Дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз барои ҳамаи халқу миллатҳо бори дигар аз мардуми ҳамсоякишвари Қирғизистон даъват менамоем, ки аз дасисаву буҳтон ва ҳамсояфиребӣ худдорӣ карда, баҳри бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани масъалаҳои марзӣ талош варзем.

Фарзона Сатторова,

устодони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ