Муносибати хайрхоҳона

Имрӯзҳо мардуми тамоми олам бо вабои нав - covid-19 мубориза дорад. Ин беморӣ то имрӯз ҳаёти ҳазорон нафарро новобаста аз синну сол рабуда, то ҳанӯз табибону олимон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин мушкилӣ талошҳои пайваста доранд. Дар пешорӯи ин муаммои умумисайёравӣ дигар масъалаҳо баъзан мавкеи аввалиндараҷагии худро гум мекунанд.

Лекин, мутаассифона, санаи 8 майи соли равон дар минтақаи марҳадии тоҷику қирғиз дар ҳудуди деҳаи Кумазори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бархурди низоъгӣ ба вуқӯъ омад.Аслан чунин муносибатҳои низоъгӣ дар минтақаҳои сарҳадии ин ду кишвар бори аввал нест. Нисфи масофаи худуди сарҳадӣ, ки то ҳол расман ҷудо нашудаанд, бо баҳонаҳои истифодаи об, замин, чарогоҳ боиси муносибати ҷанҷолии аҳолии муқимии ин минтақаҳо гардидааст.

Дар роҳи ҳалли ин муносибатҳои низоъгӣ сарони ин ду кишвар борҳо дар сатҳи байнидавлатӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, вазъиятро ором месозанд. Вале мутаассифона бо таъсири баъзе қувваҳои иғвоталаб, ё нофаҳмии баъзе ашхос ин масъалаҳо боз ба миён омада меистанд.

Барои ҳалли рӯйдодҳои охир байни вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Чингиз Айдарбеков гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд.

Аслан халқи тоҷику қирғиз халқи сулҳпарвар, меҳмоннавоз, меҳнатдӯст ва ботаҳаммулу хайрхоҳ мебошанд. Маҳз чунин хислатҳояшон буд, ки тӯли асрҳо бо ҳамсоягони худ муносибат ва рафтуомади нек доранду ҳатто робитаи хешутаборӣ пайдо кардаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бояд шукри фазои сулҳу субот намоем. Баҳри ободию созандагӣ сайъ намоем, на ин ки пайи муносибатҳои низоъгиву ҷанҷолӣ гардида, бо ҳамсоягонӣ худ риштаи сулҳу оромиро барканем. Бахусус дар ин рӯзҳои мушкил, ки табибони ҷоннисори тамоми дунё барои ҳаёти ҳар як бемор мубориза мебаранд, барои аз вартаи вабо раҳо додани ҳар як инсон шабонарӯз талош доранд, дар ҳаққи кулли беморону табибон дуо намоем. Ин муаммоҳои иҷтимоӣ чун истифодаи об, замин, чарогоҳи сарҳадӣ набояд бо роҳи ҷангу хунрезӣ ҳал карда шаванд. Имрӯз дар асри бисту як дар ҷомеаи демократӣ роҳи беҳратини ҳалли мушкилиҳо ин роҳи гуфтушунид, сулҳу оромӣ мебошад.

З.А.Ҳасанова,

дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ