​Якдилию ваҳдат бар зидди COVID – 19!

Табиати сайёраи Замин қонуниятҳои хосаи худро дорад, ки ҷомеаи инсонӣ бо ҳама дастовардҳои илмиаш наметавонад воқифи ҳама тағйироти равандҳои табиӣ бошад. Вале, инсоният қодир аст, ки дар сарҷамъӣ баҳри пешгирию аз байн бурдани хавфи табиӣ пешсаф бошаду ба мақсадаш ноил гардад. Фитрати башарӣ бо моликияти зеҳнӣ садди бузургест дар набард баҳри талоши ҳаётии ҷомеа ва ин майдони ҳарб дорои қаҳрамонони худ мебошад.

Пайдоиш ва паҳншавии бемории COVID – 19 дар саросари олам ҳақиқати воқеист ва кӯшишҳои мубориза бар зидди ин беморӣ амали шоистаи ҷомеаи инсонист. Нафаре, ки дар ин набард канораҷӯю бефарқӣ зоҳир мекунад, чун алафи бегона дар киштзори растаниҳои маданӣ аст, ки аз зарари маҳз чизи дигаре ба бор намеоварад. Дар ҳоле,ки давлатдорон баҳри раҳоӣ аз бемории марговар тадбирҳои мушаххаси фаврӣ меандешанд, нодида гирифтани реҷаи муқарраршуда ва риоя накардани он нишонаи душманӣ ба ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Зеро, чи тавр дар урфияти халқӣ омадааст “душмани доно беҳ аз дӯсти нодон”. Дар ин радиф мебояд ҳар фард андеша намояд, ки баҳри бартарафсозии вазъи пуртаҳлука чӣ нафъ метавонад оварад?. Танҳо, риояи реҷаи ниқобӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фосилаи муайян бо атрофиён, тез-тез шустани дастони худ бо собун ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ воситаи оддӣ, вале муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус асту ҳамагон бе ягон душворӣ метавонанд, ин тадбирҳоро ба иҷро расонанд.

Комилан, лаҳзаҳои ҳасос қаҳрамононро меофарад, ки исботи онро дар меҳнати содиқонаи табибони ҳозиқ дар муассисаҳои тиббӣ метавон имрӯзҳо мушоҳида намуд.Табибони содиқ ба савганди касбӣ ва таъмин бо ҳама таҷҳизоту асбобҳои зарурӣ аз ҷониби давлат имрӯзҳо шабонарӯзӣ ба қабулу табобати беморони сироятёфта, чораҷӯӣ баҳри пешгирӣ тавассути корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ғайра ҳифзи сиҳатии ҷомеаро пайгирӣ намуда истодаанд. Ҷомеа низ онҳоро чун қаҳрамонони набарди имрӯза эътироф намуда кӯшиш намуда истодааст, ки ононро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Таъминот бо либосҳои махсус ва ниқобу дастпӯшакҳои яккарата, хӯроки гарми серғизо ва ғайраро давлатдорон бо пуррагӣ ба иҷро расонидаву соҳибкорони саховатпешаи кишвар саҳмгузори ин амалҳоянд.

Танҳо мебояд, нисбати фардҳои пастфитрат, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бениқоб мегарданду ҳар хел воҳимаҳои беасос паҳн менамоянд, муборизаи ҳатмӣ бурдан зарур аст. Зеро, зарари “як гӯсолаи бемор” ба ҳама мерасад.

Бо арзи сипосу эҳтироми беандоза ба заҳмати софдилонаю содиқонаи кормандони соҳаи тиб аз мардуми кишвар даъват менамоям, ки имрӯзҳо сарҷамъона баҳри раҳоӣ аз бемории COVID – 19 кӯшиш намоем. Ҳар як фарди бо ору номуси Ватан вазифадор аст,ки тавсияҳои табибонро риоя намояд ва бо оилаи худ бошад. Нишастан дар хона бо амали тарбияи фарзанду боло бардоштани маърифат бо китобхонӣ кори осону маъқул асту биёед машғули он бошем !!!!!

Собиров Мурод Собитович, мудири кафедраи

экология ва ҳифзи табиат, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ