​Вақти суханчиниву иғвогарӣ нест!

Таърих гувоҳ аст, ки соли 2019 бо оғози бемории ҳамагири коронавирус анҷом ёфту то ин дам сар то сари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин воқеот шабеҳи ҷанги биологиест, ки анқариб 3,6 миллион нафарро дар сайёра сироят гардонидаву беш аз 257 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.Ин шумораҳо дар ҳақиқат нигаронкунандаанду худ ҳолати фавт шахсро дар изтироб мемонад. Вале моро мебояд, ки ба таҳаллука наафтему сарбаландона паҳлӯ ба паҳлӯ бар ин беморӣ ғолиб омада бошем.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки аз ибтидои пайдоиши бемории ҳамагир дар мамлакати мо низ корҳои беҳдоштиву фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда шуда буданд. Вале миллати тоҷикро ин гуна имтиҳон дар пеш будаасту марзи мамлакатро убур намуду ба қайд гирифта шуд. Ҳарчанд беморхонаҳову марказҳои саломатӣ ҳама дар ҳолати омода бош будандубаҳри расонидани ёрии аввалини тиббӣ талош меварзанд мардуми зиёде имрӯзҳо ба таҳаллука афтода, худ аз худ ба харидорӣ намудани маводи хӯрокаву дорувориҳои зиёде рӯй овардаанд. Албатта пешгирӣ намудан хуб аст, вале ҳоло ҳозир танҳо пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ асос дорад. Танҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ!

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза огоҳӣ пайдо менамоем, ки афроде танҳо ба хотири сиёҳтар нишон додани вазъияти имрӯза фаъолият мебаранд, яъне танҳо ва танҳо хабарҳои дурӯғу беасосро нашр менамоянду мафкураи мардумро вайрон. Бар ин гуна шахсон бо исрор мегӯем, аз сияҳкориатон баргардед! Халқро ба таҳаллука наандозед! Мардум худ дар изтиробанд. Бас кунед чунин амалҳоятонро!!!

Ҳамватанону ҳаммиллатони азиз, имрӯз вақти кашмакашу суханчинию иғвогарӣ нест. Вақти он расидааст, ки ба қадри якдигар бирасем, гуноҳи ҳамдигарро бахшем ба ватану миллат беғаразона хизмат намоем.

Изҳороти устодони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ