​Душманони миллат аз вабои аср низ ҳангома меҷӯянд! (Дар ҳошияи мақолаи А.Раҳимзода, С.Зиёев ва Ф.Мирзоёров бо номи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”)

Ҳар шахси соҳибхирад ва ватандӯсту хештаншинос, ки дар чунин вазъияти барои ҷаҳониён душвор, хатари паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус ва муборизаи шабонарӯзии мақомоти масъул бо ин вабои аср мақолаи А.Раҳимзода, С.Зиёев ва Ф.Мирзоёров бо номи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” –ро мутолиа менамояд, бори дигар аз беинсофии хоинони далла, чоплус, ҳангоматалаб, ватангадо, ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ - Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ба тааҷҷуб омада, розе аз қалби худро ба рӯи қоғаз меорад.

Имрӯз дар хоки Ватани мо низ новобаста аз чораҳои пешгирикунандаи андешидашуда, бемории коронавирус дертар аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ворид гардид. Бояд зикр намуд, ки ин беморӣ хатари глобалӣ пайдо намуда, новобаста аз иродаи инсон ва ҳукумату давлатҳо қадам ба қадам тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои заруриро аз қабили кӯмакҳои саривақтӣ, дастрас намудани доруворӣ, маводи хӯрока, маводҳои антисептикӣ ва ғайраҳо ба аҳолии тамоми шаҳру навоҳии мамлакат расонида истодаанд. Беморон саривақт бистарӣ ва аксарияти онҳо табобат шуда, ба назди оилаи худ баргашта истодаанд.

Аммо террорисотон ва экстремистони наҳзатӣ, ки таи чанд сол ҳамчун хоини миллат ва ҷосусони сарсупурда, бозичаи дасти хоҷагони ифротӣ, гурӯҳҳои махфии зидди инсоният ва фашисти худ гардидаанд, ва фаъолияти асосие, ки аз он нон мехӯранд зидди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тӯҳмату дасисаҳои бардуруғ бофтан аст, бо ин амалҳои муғризонаи худ мафкураи мардумро фалаҷ кардан мехоҳанд, имрӯз бадбахтии умумибашарӣ бо номи коронавирусро, ки муттаасифона имрӯзҳо қадами номубораки худро ба сарзамини биҳиштосои мо гузоштааст, мавриди ҳангомаҳои худ кашида, боз аз паи камбудиҷӯиву, бахилӣ, нотавонбинию ноҷавомардии худ ҳастанд.

Чуноне, ки муаллифони мақолаи номбурда қайд кардаанд: “... ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Дар ҳар як мурдаи тоҷик онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд”.

Ин кирдорҳои нобахшидании наҳзатиёни палид, ки миллату давлати моро борҳо хиёнат карда, ба манфиатҳои муғризонаи худ ба хориҷиён арзон фурӯхтаанд, шахсро ба тааҷҷуб меорад, ин қадар беинсофиву бевиҷдонӣ, ватанфурӯшию тундгароӣ чи хел ба ҷисми онҳо ҷой гирифтааст. Кабириву ҳаммаслакони ӯ бо супориш ва дастури хоҷагони хориҷии худозадаи худ ҷиноятҳои вазнинтаринро бар зидди тоҷикон содир намудаанд, ки боиси ба ҳалокат расидани 160 ҳазор нафар ҳамватанони мо, кушта шудани беҳтарин мутахассисон ва зиёиёни кишвар гардидааст. Онҳо бояд худ қазоват кунанд ва донанд, ки таърих ва наслҳои ояндаи кишвар ҳеҷ гоҳ чунин хиёнатро намебахшад. Ин палидони одамқиёфа на фақат ба давлату миллат, балки ба волидайну фарзандони худ хиёнат карда, онҳоро ватангадо, маҳбасӣ ва хору зор карданд.

Чуноне, ки муаллифон А.Раҳимзода, С.Зиёев ва Ф.Мирзоёров қайд менамоянд, наҳзатиҳои лагандбардор шабурӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳатто онҳо бахилиҳам мекарданд, ки чаро то ҳол ин вабо ба Тоҷикистон наомадааст. Камбудиковиҳои ин худобехабаронро дигар ягон нафар ҷиддӣ қабул намекунад, чунки коронавирус чунин бемории сироятиидаҳшатнок аст, ки ҳатто давлатҳои муттараққии дунё бо машаққати зиёд ба он истодагарӣ мекунанд.

Аз саҳифаҳои таърих мо нафаронеро медонем, ки ба давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худ хиёнат кардаанд, аммо бохабар нестем ва онҳое, ки мисли Кабириву думравони шағолмонандаш бадбахтии ба сари инсоният, аз ҷумла тоҷикон омадаро мавриди ҳангома қарор дода, аз ҳамин ҳолати вазнин низ мафиатҷӯӣ намуда бошанд.

Ҳамин тариқ, дар таърих миллати бофарҳангу таҳаммулпазири тоҷик душвориҳои зиёдро аз сар гузаронидааст, аз ин душворӣ – бемории коронавирус низ мо сарбаландона раҳо меёбем, аммо намегузорем, ки хоинони миллат, “марионетка”-ҳои ҷисму ҷон, инсофу имон, виҷдону шарафи худро бар ивази пулу ваъдаҳо бахшида ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.

Ҷабборов Иброҳим, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ