​ТАВСИЯНОМА барои карантин дар шароити хона дар муддати 14 рӯз аз лаҳзаи тамоси охирин бо ҳолати эҳтимолӣ ё тасдиқшудаи COVID -19 ба роҳ монда мешавад

Мақсади асосии карантини хонагӣ пешгирии сирояти эҳтимолии COVID -19 аз манбаи эҳтимолии ин беморӣ ва пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

Карантин дар шароити хона ба тарзи зерин ба роҳ монда мешавад:

  • Ташкили ҳуҷраи алоҳидае, ки дар он шахси ба карантин фарогирифташуда дар алоҳидагӣ аз дигар аъзоёни оила ҷойгир карда мешавад.
  • Шахси ба карантин фарогирифташуда ва дигар аъзоёни оила ҳатми бо маводҳои муҳофизатии инфиродӣ (лоақал ниқоб ва дастпӯшак) таъмин гардида, ҳамзамон чораҳои пешгирикунанда ва эҳтиёткорӣ аз қабили риояи этикети сулфа, бо даст салом надодан перра риоя карда шавад.
  • Карантини хонагӣ дар оилаҳое, ки аъзоёни он хатари баланди гирифторшавӣ бо сирояти COVID -19 –ро (шахсони синну соли аз 65 боло, кӯдакони то синни 5-сола, занони ҳомиладор, шахсони гирифтори бемориҳои музмини шуш, гурда ва дилу рагҳои хунгард) доранд ҷорӣ карда намешавад.

Қайд менамоем, ки талаботҳоли болозикр қатъиян риоя карда шаванд.

Дастур барои шахсе, ки дар шароити хона дар карантин қарор дорад:

  • Аз хона набароед;
  • Дар як ҳуҷраи алоҳида бо дари пӯшида истода, ҳавои ҳуҷраро тавассути тиреза ва ё дастгоҳҳои сунъишамолдода иваз намоед;
  • Баромадан аз ҳуҷра танҳо барои зарурият ава ба муддати кӯтоҳ иҷозат дода мешавад;
  • Зимни баромадан даҳон ва бинӣ бояд бо ниқоб пӯшонида шаванд;
  • Ҳангоми атса ва ё сулфидан даҳон ва бинии худро бо дастсолча ва ё оринҷ пӯшед, то ин ки вирус ба муҳити атроф паҳн нагардад;

Дастони худро фавран бо собун шӯед ва онҳоро бо антисептики спиртдор безарар гардонед;

-Ҳангомиомода намудани хӯрок ва пеш аз хӯрокхурӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат дастҳоятонро бо собун ва обшӯед ва ё бо антисептики спиртӣ безарар гардонед;

-Барои хушконидани дастҳо аз сачоқчаҳои яккарата истифода намоед;

-Агар имкон бошад аз ҳоҷатхонаи алоҳида истифода намоед;

-Зимни пайдо гардидани ҳарорат, сулфа ва нафастангӣ ё ин, ки дигар мушкилоти тиббӣ, ба духтури минтақавӣ (табиби оилавӣ) занг занед ё ин, ки ёрии таъҷилӣ даъваткунед.

Дастур барои аъзои оила, ки аз он карантини хонагӣ пешбинӣ шудааст:

  • Тавсия дода мешавад,ки шумораи аъзои оила, ки ба ҳуҷраи карантинӣ дохил мешаванд то ба як нафар маҳдуд карда шавад. Шахсе, ки вориди ҳуҷраи карантинӣ мегардад бояд солим буда, гирифтори бемориҳои музмин набошад;
  • Даромади аёдаткунандагон ва меҳмонон дар хонаидар карантин буда, хабаргирӣ қатъиян маън аст;
  • Ҳамаи аъзоёни оила тез-тез дастҳояшонро шуста безарар гардонанад.
  • Кӯшиш намоед, ки ҳавои утоқҳои истифодаи умумӣ, ба монанди ошхона ва ҳоҷатхона тез-тез шамол дода шавад;
  • Ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷраи карантинӣ Шумо бояд як ниқоби тиббии боэътимод пӯшед, ки даҳон ва бинии худро пӯшонад. Агар ниқоб намнок ва ё олудаи луоб гардад, онро фавран бо ниқоби нави тозаи хушк иваз кардан лозим аст. Бо истифода аз техникаи мувофиқ ниқобро кашед, яъне ба қисмати пеш нарасед. Пас аз истифода ниқобро фавран кашида безарар гардонед ва дастҳоро шӯед:
  • Зимни ҳамагуна тамос бо шахси дар карантин қарор дошта ва сатҳу ҷиҳозҳои утоқикарантинӣ аз дастпӯшакҳои яккарата истифода баред;
  • Ҳамарӯза ашё, ҷиҳоз ва дигар лавозимоти ҳуҷраикарантинӣ тоза ва безараргардонда шавад;
  • Ҳама либосҳои истифодашудаи шахсӣ дар карантин қарордошта, дар ҷойи алоҳида ва дар дохили халтаи селофанӣ нигоҳ дошта шуда, бо усули муқаррарӣ шустушӯ карда шаванд;
  • Аз истифодаи ашё ва ҷиҳозҳо шахси дар карантин қарордошта, ки тавассути он вирус метавонад интиқол ёбад, хусусан чӯбчаи дандоншӯӣ, сигор зарф, сачоқ, рахти хоб ва ғ. худдорӣ намоед. Зарфҳоро бо собун ва ё маводи махсус барои шустани зарф безарар гардонед.

Телефон барои тамос

Ситоди шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии COVID-194-67-73

Поликлиникаи №16-34-42Поликлиникаи №45-10-94

Поликлиникаи №26-66-19Поликлиникаи №56-34-42

Поликлиникаи №36 48 60Поликлиникаи №44-15-75

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ