Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...

Устодони кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо аз ҳодисаҳои нохуше, ки дар марзи Тоҷикистоназ тарафи низомиён ва шаҳрвандони қирғиз санаҳои 8-10 уми январи соли 2020 рух доданд хеле ғамангезанд. Тавассути расонаҳои хабарӣ борҳо огоҳ гаштаем, ки бо ташаббуси роҳбарони кишвари мо вохӯриву мулоқотҳо оиди пешгири намудани чунин ҳодисаҳои нохуш, мустаҳкамгардидани сулҳ муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя баргузор гардиданд, бо роҳбарон ва шаҳрвандони қирғиз баргузор гаштааст.

Чунин ба назар мерасад, ки шаҳрвандони қирғиз ба қадри ҳаёти осоишта, сулҳу ваҳдат намерасанд ва пайваста барои ноором гаштани вазъияти ду кишвар мекӯшанд.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти сиёсӣ дар Тоҷикистон ноором буд. Душманони миллат кишвари моро ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашиданд, садҳо кӯдакон ятиму оилаҳо бехонаву гуреза шуданд. Зиндагии мардум мароми хавотиромез касб карда буд...

Вале мо мардуми тоҷик тавонистем ин лаҳзаҳои ҳассосу мушкилро паси сар намуда ба ҳаёти осоишта қадам занем. Инак чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу салоҳ ҳаёти осоишта умр ба сар мебарад. Сулҳи тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон чун раҳнамо меомӯзанд.

Мардуми қирғиз бояд оқибати ҳар як корро андеша кунанд, дипломатияи сиёсиро хуб дарк намоянд ва ба ҳодисаҳои нохуш даст назананд.

Аз мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Қирғизистон қотеъона талаб карда шавад, ки ба ташкилкунандагони чунин ҳодисаҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад, то ки марзи ду кишвари ҳамсоя орому сокинонаш осуда бошанд.Фаромӯш набояд кард, ки :

Одамон аз дӯстӣ ёбандбахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Кароматуллоев С.Ҳ.- сармуаллими кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ