​Изҳорот: Сулҳу субот – асоси дустии халқҳои тоҷику қирғиз.

Боз як муноқиша дар сарҳади байни давлатҳои Қиргизистон ва Тоҷикистон санаи 8 майи соли равонрух дод мо кулли ыомеаи усдодони факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотиро бетараф нагузошт.Дар натиҷаи ҳодиса 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон захмдор гардиданд, ки ин басо аламовар аст.

Гуфтугӯи телефонӣ байни муовини сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров ва муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Тоҷикистон.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои қабули чораҳо оид ба пешгирии вазъи вазнин ки дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳо пайдо мегарданд баррасӣ шуданд.

Намояндагони ҳукумат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои амниятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.

Водии Фарғона дар доманакӯҳҳо дар қаламрави Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгир мебошад, ки зичии аҳолиаш дар Осиёи Марказӣ аз ҳама зиёд аст. Ҳангоми таъсиси ҷумҳуриҳои автономии ИҶШС дар ин ҷо "ҷазираҳо" –и як давлат дар қаламрави давлати дигар пайдо шуданд.

Ҳамин тавр, дар қаламрави Қирғизистон ду анклави Тоҷикистон ва чаҳоран клави Ӯзбекистон мавҷуданд. Дар дохили анклавҳо низоъҳо барои замин, об, убури ғайриқонунии сарҳад ва ихтилофоти байни миллатҳо ба миён меоянд. Ҳамин тариқ муноқишаҳо пайдо мегарданд.

Мардуми Тоҷикистонва Қиргизистон халқҳои ба ҳам наздик мебошанд. Мардумони ин ду давлати ҳамсоя аз як ҷӯйбор об менӯшанд, ва метавонанд дар оромӣ ва осудагӣ зиндагӣ намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ