Ин ҷазоест, ки вай сазовор аст

Дар сомонаи интернети хабареро мутолиа намудам, ки он ба ҳукми додгоҳ кашидани Муҳиддин Кабирӣ буд. Он зери унвони” “Одамкушӣ ҳангоми мудофиа”: бархе тафсилоти ҳукми махфии Кабирӣ дар ғайбаш” интишор шудааст.Муҳиддин Кабирӣ дар асоси моддаи 16 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид. Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд. Инчунин таъкид шудааст, ки Кабирӣ бар асоси моддаи 195 - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, моддаи 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.

Баъди мутолиаи ин хабар хурсанд шудам ва ин хабарро ба дигарон низ расонидам, то ки бовар кунанд ва бидонанд, ки Кабирии бадбахт ки асту, дар натиҷа чӣ шуд. Ин ҷазоест, ки вай сазовор аст.

Ин хоини бадбахт холо дастгир нашудааст вале умедворам, ки вай дастгир мешавад. Зеро “давидани гӯсола то каҳдон” гуфтаанд.

Бояд гуфт, ки тоифаи хоинону душманони миллат дар мисоли Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, ақидаи халқро дигаргун созанд ва миллатро тағйир диҳанд. Вале бояд гуфт, ки мо дар асри 21 қарор дорем асре, ки тараққиёти техника асту илму маърифат хеле пеш рафтаас ва шуури мардум низ баробари замон пеш меравад. Мо мардуми хештаншинос ва худогоҳу соҳибмаърифат ҳастем ва хубу бад, сиёҳу сафедро хуб ҷудо карда метавонем ва намегузорем, ки ин нохалафон бо фикру ақидаи баду вайронашон миллати моро олудаи худ созанд. Чуноне, ки мегӯянд:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардум аст.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ