​Ҳифзи Ватан авлотар аз ҳифзи ҷони хеш!!!

Шукронаи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизам, ки имрӯзҳо дар айёми пуртаҳлукаи пешгирӣ ё худ мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус дар майдони набард симоҳои қаҳрамонони нав ҳувайдо гаштааст. Табибони ҳозиқ новобаста аз душвориҳои гуногун шабонарӯзӣ вазифаҳои худро садоқатмандона иҷро намуда истодаанду аллакай теъдоди шифоёфтагон хеле зиёд аст. Ин шифокоронро мебояд чун қаҳрамонони набарди имрӯза азизу мӯътабар донист. Зеро, аз хавфи сироятёбӣ ба инвабои имрӯза наҳаросида пешаи табибии худро ба иҷро расонида истодаанду фарзандони арзандаи Ватан будани хешро исбот карданд.

Дар радифи чунин шахсиятҳои арзандаи ватанпарвару худогоҳ метавон ба заҳмати фидокоронаи кишоварзони кишвар баҳогузорӣ намуд. Чун, инсон баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои ҳаётӣ ба нерӯи ғизоӣ ниёз доранду кишоварзон манбаи асосӣ ва василаи истеҳсоли чунин маводҳои ғизоианд, бешак қаҳрамони арсаи ҷомеаи имрӯзаанд. Оғози мавсими киштукори зироатҳои кишоварзӣ ба мавсими паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мувофиқ омаду шукронаи нони ҳалоли деҳқонон, ки ягон қитъаи замини корам бесаробону бесоҳиб намонд ва ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати парвариши ҳосили баланди дилхоҳ андешида шуданд. Самараи заҳмати софдилонаидеҳқононро имрӯзҳо дар серу пурии маҳсулоти ғизоӣ дар фурӯшгоҳҳо метавон мушоҳида кард.

Ҷомеа худ гувоҳ аст, ки меҳнати сазовори табибону деҳқонон дар фазои осудаву суботи кишвар амалӣ шуда истодааст. Гар дар ҷомеа сулҳу субот ҳукмфармо намебуд, на табибону на деҳқонон меҳнати босамар мекарданду мардум сарсону парешон мешуданд. Др ин ҷода нодида гирифтани хизмати шоистаи ҳамаи ҷузъу томҳои мақомоти қудратии кишвар амали ноҳақ аст. Маҳз кормандони соҳаҳои мухталифи мақомоти қудратии кишвар шабонарӯзӣ фидокорона заҳмат кашида истодаанду марзу буми Ватан мустаҳкам, сулҳу суботи ҷомеа таъмин ва мардум осудаҳолона дар такопӯи зиндагианд. Месазад, ки кормандони мақомоти қудратӣ бо боварии том қаҳрамонони муҳориба бо вабои имрӯза ҳисобида шаванд. Зеро, буданд давраҳое, ки бетарафӣ ё худ ноӯҳдабароии касбии кормандони мақомоти қудратӣ нисбати зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа кишвари азизамонро ба вартаи парокандагӣ овара буд. Вале, муҳофизони имрӯзаи Ватан ба савганди касбии хеш содиқанду матонати мардонагии худро имрӯзҳо дар вазъи пуртаҳлука исбот намуда истодаанд.

Бо эътимоди комил метавон изҳор намуд, ки дар вазъияти таҳлукавии имрӯза марбут ба паҳншавӣ, пешгирӣ, табобат, тадбирҳои безараргардонӣ ва ҷабҳаҳои дигари вабои таҳдидӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеа – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи шаҳру навоҳӣ ва вилоят, кормандони соҳаи санитарию эпидемиологӣ, фардҳои фаъоли ҷомеа, соҳибкорон ва мардумони заҳматкаши кишвар нишонаи якдилию сарҷамъӣ, мутаҳидиву ваҳдат, матонату садоқат ба Ватанро зоҳир менамоянд, ки неъмати бебаҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Месазад, ки ин неъматҳорогиромӣ дорему ҳифз намоем ва баҳри таҳкими минбаъдаи он кӯшиш намоем.

Аҳсант ба қаҳрамонони Ватан – шифокору деҳқонон, кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон !!!

Ба чунин қаҳрамонон аз номи кулли мардуми кишвар таманно менамоем, ки ҳамеша бурдбору муваффақ дар заҳматҳои хеш баҳри пешрафти ҷомеа бошеду ҳамаи ватандӯстон 30 – солагии ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро сарбаландона якҷоя истиқбол гирем !!!!!!!

Мудири кафедраи экология ва

ҳифзи табиати факултети геоэкологияи

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

дотсент, номзади илмҳои кишоварзӣ Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ