​Изҳорот: Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!

Воқеаҳои рузҳои охир, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст ин бемории ҷонкоҳу марговари коронавирус мебошад, ки аз ин вабои аср тамоми мардуми ҷаҳон дар таҳлука афтодаанду иқтисодиёташон хароб гардидааст. Аммо дар кишвари мо бар замми ин ҳама нохушиҳо боз муноқишаҳои наздисарҳадӣ? Чуноне, ки аз расонаҳои хабарӣ огаҳӣ пайдо кардем дар марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара рӯзи 8-уми май боз муноқишаҳо ва задухӯрд ба амал омад. Магар ин амалҳои ношоиста ҳамсояи моро ба мақсад расонида метавонад?

Албатта, не! Ҷое, ки сулҳу ваҳдат, оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, бо боварии комил метавон гуфт, ки барои насли имрӯзу ояндаи тоҷику қирғиз заминаи боэътимоди зиндагиро дар фазои муносибатҳои сидқан бародарона таъмин месозад.

Имрӯз мардуми ҳамсоякишвар- Қирғизистонро зарур аст, ки кинаҳо аз синаҳо берун андохта, дар дилашон тухми муҳаббат ва садоқатро парваранду мардумро аз худсӯзӣ ба худсозӣ раҳнамун созанд ва ливои адлу адолатро барафрозанд.

Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми меҳмондӯст буд ва бо тамоми мардумони минтақаҳои дигар равобити дӯстиву хешутаборӣ дошт.

Ҳой мардум худ қазоват кунед охир моҳи шариф аст, кинаҳоро аз ҳамдигар дур созед. Имрӯз ба сари мардуми тамоми ҷаҳон вабое омадааст, ҷони садҳо ҳазор нафаронро бурдааст. Биёедбо ҳамдастиву якдили бар зидди ин беморӣ мубориза барем. Худ ва наздиконамонро аз ин вабо эҳтиёт намоем. Айниҳол вақти якдиливу ҳамдигарфаҳмист на ҷангу ҷудол. Бимонед, ки мардум рӯз бинад, ризқу рӯзиашро ёфта хӯрад. Нагузоред, ки аз чашми модарону кӯдаконимо ашк резад. Аҳл бошед муттаҳид бошед чуноне, ки мегӯянд “мӯъмин бародари муъмин аст”.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Аҳли кормандони Раёсати илм ва инноватсия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ