​Кайк бо думи шер бозӣ карданист

Табиати мӯъҷизаофар дар сайёраи Замин намудҳои сершумори организмҳои зиндаро офаридааст, ки боиси ҳайрату мароқи беандоза мебошад. Ҳар як махлуқот мавқею ҷойгоҳи худро дораду бидуни яке аз онҳо занҷири табиӣ гусаста ва раванди ҳаётии сайёра дучори тағйирёбӣ мегардад.

Дар асл инсон чун махлуқи бошууру соҳибидрок мақоми хоса дораду ҳаёти ӯ дар ҷомеа мавқеъ, дараҷа, муҳимият ва зарурати инсониро тақозо менамояд. Зеро, инсони алоҳидаи берун аз ҷомеа мисли муфтхӯр асту фаъолияти ҳаётии ӯ аз махлуқи бешуур фарқе надорад. Зеро, на нафъ ба ҷомеа овараду ба нафаре заруру такягоҳ гардад. Маънавиёти ҷомеа ин шахсонро аз худ дур месозаду ба ӯ нафрат мехонад.

Халқи мӯътабари тоҷик мақолу ҳикматҳоро дорост, ки таърихи тамаддунофари ӯро инъикос кардаву бо воқеият ва дараҷаи баланди тафаккур касро дар ҳайрат мегузорад. Рости гап, танҳо баъд аз калонсол шудан маънои бисёр ҳикматҳои халқиро дарёфтам ва мехоҳам дар мисоли “кайк бо думи шер бозӣ мекунад”, фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломро бо роҳбари маккору ландаҳураш таҳлил намомд. Зеро, тоифаи наҳзатиёни ифротгаро чун кайки даруни пӯстак доимо дар пайи таноқиди ҳар як амали роҳбарияти олии кишвари маҳбубамон мебошанд. Амалҳои аблаҳонаи пештарашон ба онҳо сабақ нашудаву боз дасисаҳои нав месозанд. Дар адабиёти рус лаҳзаи ба пошнаи кайк наълзании Левша (чапдаст) тасвир мегардад, ки мароқангез аст.

Наҳзатиёни кайксифатро ҳатто наъл задан касро ба нафрат меоварад, ки наъл ҳайф шудааст. Магар ин кайкҳо эҳсос намекунанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мисли шери жаён асту бо думи тавоноаш кайкони наҳзатиро пахшу нобуд хоҳад сохт! Шумоёнибетамизро бас нест, ки сарсону шармандаи ҷаҳон, хоину ватангадо шудед? Метавонед фаъолияти ифротиатонро то лаҳзаи пахш аз ҷониби думи шер идома диҳед, ки хоҷагонатон шуморо шояд барои мурдориатон пахшу нобуд созанд? Зеро, ҳатто сазовори хизматгори бевафою садоқат нестеду чун кайки хунмак аввало бо фиреб хуни мардум чашидед ва имрӯз ба пӯстини хоҷагони аҷнабиатон ҷой шудед!

Марг бод ба наҳзатиёни кайксони ифротгаро!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ