​Бетараф набошем!

Дар саҳифаҳои фейсбук бо хабари Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳабс гирифташуданишаҳрванд Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, зода ва истиқомат-кунандаи шаҳри Ваҳдат шинос шуда, худ ба худ афсўсу надомат кардам, ки барои чӣ иддае аз ҷавони кишвар ихтиёран худро бабанди «хайрхоҳони»дини мубини ислом мезада бошанд. Бо ин амал онҳобошуурона муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ўҳдадориҳои шаҳрванд, ки тарғиботу ташвиқоти душманонаро нисбатиинсон манъ менамоянд. Шарипов Далер аз ҳамин тоифа буда, тибқи маълумоти хабари зикршудаи ин сохтори мўътамади давлатӣ «давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд».

Сабаби муносибати сахтгирона ба ин шаҳрванд аз ҷониби ў дар чопхонаи пинҳонӣ нашр гардидани рисолае гаштааст, ки тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ мазмунан бо консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон») таҳия гардидааст. Дар кишвари мо ва дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин ҳаракат ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст. Ин ҳаракат соли 1918 дар Миср аз ҷониби Ҳасан ал – Банна таъсис ёфта, шиори он «Аллоҳ -Худои мо, Пайғамбар - доҳии мо, Қуръон — конститутсияи мо, ҷиҳод — роҳи мо, марг ба хотири Худо — орзуи олии мо» мебошад. Яъне, моҳиятан вайба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд. Аз таърихи солҳои охир медонем, ки ин ҳаракат соли 2011 дар Миср ба сари қудрат омада, ҷомеаро ончунон муташанниҷ сохт, киҳарбиёни ин кишвар ба хотири пойдории демократия ва нигоҳ доштани обрўю эътибори байналхалқии мамлакаташон ба ҳукуматдории он тавассути табаддулот хотима гузоштанд.

Хотиррасон мешавем, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки он вақт қонуна амал мекард ва алҳол ҳамчун ҳаракати террористию экстеримистӣ фаъолияташ дар қаламрави давлат мо манъ шудаастаз ғалабаи«Ихвон-ул-муслимин» илҳом гирифта, даъват ба амал оварда буд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муносибати худро ба ин ҳаракат тағйир диҳад. Ин изҳорот аз забони роҳбари наҳзатиёнМуҳиддин Кабирӣ садо дода буд.

Фаъолияти ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ нигаронидашудаи Прокуратураи генералии мамлакат боиси «нигаронӣ»-и ашхосе гаштаст, ки тарки ин диёр карда, ҳар як иқдомоти ба ҳимояи давлату давлатдории тоҷик нигаронидашударо бо найза пешвоз мегиранд ва санги маломат ба сари ҳокимият мезананд.

Яке аз онҳо Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки аъзои ҷомеаи моро дар «бетарафӣ» нисбати қазияи Далер Шарипов мутаҳам месозад. Ў дар саҳифаи худ дар фейсбук навиштааст, ки «Иддаои “бетарафӣ” хеле иддаои бузургу гунда аст, ва дар арзёбии масоил ҳар касе тавони якчунин иддаоеро надорад, ва шахсан банда мӯътақидам, мо дар дунё одами тамоман “бетараф” надорем, магар он ки аз ҷинси одам набошад. Зеро одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд аст ва гароише дорад, ҳол чӣ ин гароиш як гароиши динӣ бошад ва чӣ ғайридинӣ».

Яъне ў гуфтанист, ки одам дар ҷамъият зиндагӣ ба сарбурда, набояд мавқеи бетарафиро ишғол кунад.Офарин!

Бо ҳамин нидо ҳамоҳангии мо бо ин «ҷонибдори» демократия ва ислом ба охир мерасад, зеро мову Сайидюнус ба ин мафҳум аз мавқеҳои гуногун муносибат мекунем. Ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ҳар иқдоме ки ба сулҳу ваҳдат дар кишвар, ҳамдигарфаҳмии халқияту миллатҳои дар ин сарзамин зиндагӣ мекарда хатар мезояд бетараф нест: чунин кўшишҳоро қотеона маҳкум менамояд. Барои Сайидюнус бошад чунин иқдомот манбаъ ва сарчашмаи илҳоми сиёҳкунӣ асту бас. Ба андешаи ў тоҷикистониҳо бояд ҳама ба ҳимояи Далер Шарипов бархезанд, вагарна онҳо бетарафанд. Ў тасаввур ҳам карда наметавонад, ки дар муҳити демократия ва волоияти қонун ҳар касе ба сари худ ба ҳимояи касе барояд чӣ гуна оқибатон ҷомеаро интизор аст.

Таҷрибаи талхи роҳгумзаниҳои оғози солҳои навадўми асри гузашта, ки анбўҳи бузурги одамон фирефтаи доираҳои алоҳидаи бо шиорҳои исломӣ мардумро ба сангарҳо даъваткарда гаштанду сарзамини ҷаннатосои моро гирифтори хуну оташ карданд, барои ҳамватанони мо мактаби бузургӣ андешава таҳаммул аст.

Сайидюнус барои тасдиқи иддаои худ боз мусалмонро бо ғайри мусалмон зид мегузорад. Таваҷҷуҳ кунед ба навиштаҳои ў. «Фарз кунед, як муҳаққиқи ғайримусалмон камар ба нақду баррасии китоб ё рисолае бастааст, ки аз тарафи як мусалмон таълиф шуда ва муаллиф дар ин китоб дар бораи динаш, дар бораи паёмбараш, дар бораи Қуръонаш ва хулоса дар бораи маорифи ойинаш навишта. Дар ин гуна маворид, интизоре, ки аз он наққод – ки гуфтем ғайримусалмон аст – меравад ин нест, ки ӯ комилан “бетараф” ба ин маъно бошад, ки ба ҳеч чиз боварманд ва пойбанд нест. Ин интизори беҷост. Балки интизоре, ки бояд аз ӯ дошт ин аст, ки “инсоф” дошта бошад ва бо айнаки “инсоф” ба нақд биншинад. Ва боварҳо ва андешаҳое, ки ба онҳо гароиш дорад, дар нақду баррасиаш таъсир нагузоранд, ба ин маъно, ки ӯ бо айнаки андешае, ки бар сар дорад, ба он китоб ё рисола нигоҳ накунад. “Инсоф” ин аст».

Биёед аз муаллифи ин сатрҳо пурсем, ки он «ғайримусалмон» кист. Чавоб маълум аст: Прокуратура. Аз ин сатрҳо бўи иғво меояд. Вай даъват дорад, ки ба сохтори ҳифзи ҳуқуқ халқ бовар накунад,

Вай боз ҳамон даъвои забонзадаро дар бораи он ки «мухолифони ислом ва мухолифони ҳазрати Паёмбар (с) баноҳақ ба ӯ нисбати “теруризм”-ро медиҳанд» ба қалам меорад, вале дар баёни суроға хато мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ислом ва арзишҳои он мавқеи пешоҳангӣ дорад ва ҳамин тавр мемонад. Барои онҳое ки соҳиби ақлу виҷдон ҳастанд як – як баён кардани ташаббус ва амалҳои кишвари мо дар ин самт зарурат надорад. Ҳамзамон дар ин кишвар ҳаргиз роҳ намедиҳанд, ки исломро барои амалӣ намудани ниятҳои ғаразнок истифода баранд. Дар ин масъала мо бетараф нестем.

Абдуҳаким Шарипов, собиқадори хизмати давлатӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ