​Тафриқаандозӣ рисолати ВАО ва журналист набояд бошад!

Васоити ахбори омма нерӯмантарин силоҳ аст. Ҳеч чиз ва силоҳе нест, ки ба ин ҳад ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардум таъсиргузор бошад ва онро дар анқариб ҳама ҳолат идора ва назорат кунад. Агар ҳадафтмандона аз ин нерӯ истифода шавад, ҷиҳати рушди он тариқи қонунгузорӣ шароити мусоид муҳайё намоянд, баидулфикр бо навъҳои он муносибат намоняд, он ҳукумат мардумӣ мешавад ва мардум ба он ҳукумат эътимоди қавӣ пайдо хоҳанд кард. Чаро тариқи ВАО маҳз ҳукумат ба эътимоди мардум даст хоҳад ёфт? Чаро ки ба ҳамагон маълум аст, васоити ахбори омма пулест, байни мардум ва ҳукумат.

Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди расонаҳои давлатӣ, инфиродӣ ва гурӯҳӣ тариқи қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба ин фаъолияти самараноки васоити ахбори оммаи кишвар шаҳодат шуда метавонад. Аммо гап дар дигар ҷост...

Аммо ба ин шароити мавҷуда ва имконияти озоди фаъолият доштани ВАО дар кишвар нигоҳ накарда, ҳастанд афроде ва гурӯҳҳое, ки аз ин нерӯи созанда ҳамчун силоҳи сӯзанда ва нобудкунанда истифода бурдан мехоҳанд. Ин гурӯҳҳо ва афрод маълуманд. Аслан ва асосан гурӯҳу созмонҳои ҷудоиандоз ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди кишвар тариқи қонунгузорӣ мумнуъ карда шудааст, аммо тавассути дасти сеюм идора ва маблағгузорӣ мешаванд, муғризона ба ин силоҳ рӯ меоранд ва аз он истифода карданӣ мешаванд. Мақсад ва ҳадафи онҳо ноором кардани фазои сиёсӣ ва ҳаёти оисоиштаи мардум мебошад.

Паҳн намудани ҳар гуна овозаҳо, хабарҳои таҳрифгашта ва муғризона инъикос намудани рйдодҳои рӯзмарра одати ҳамешагии онҳост. Ба андешаи ғолиб онҳо дар паси парда нақшаҳои ноором кардани ҷомеаро кашида, баъд ҳар матолибро эҷод ва паҳн менамоянд.

Дар дилхоҳ ҷомеа, хоҳ Амрико бошад, хоҳ Руссия ва кишварҳои дигари ҷаҳон журналист ҳамеша аз принсипи касбӣ дифоъ ва риояти онро шараф ва номуси касбии хеш дониста, бештар ба миллаияти хеш арзиш қоил мешавад. Аммо гоҳо мебинем, ки расонаҳои дастнигари қувваҳои бадхоҳ амсоли “Ахбор.ком”, ки ҳоло ба либоси дигар ҷилванамоӣ дорад ва афроде ки умуман аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд, бо истифода аз ВАО ва касби рӯзноманигорӣ талош мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки ҷомеаро ба нокуҷообод ва бунбасти фикрӣ ва ахлоқиву сиёсӣ кашида бошанд.

Мо бояд ба ин қувваҳои бадхоҳ мубориза бурда бошем. Дар ин саргаҳ бояд рӯзноманигорони ватанпараст ва миллатгаро қарор дошта, ҳарчи бештар аз имрӯз ҷиҳати ифшо ва муайян намудани симои аслӣ ва разилонаи онҳо талош намуда бошанд.

Барои журналист арзише болотар ва муқаддастар аз миллат ва сулҳу суботи ҷомеа нест.

Азиз Тоҳирӣ, журналист

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ