Хуни нопок ба ҳақ нарасонад!

Мутахассисону олимони соҳаҳои тибу табиатшиносӣ кайҳо инҷониб исбот кардаанд, ки хуни дар тани инсонбуда як намуди ахбороти муфассал оид ба аҷдодони ӯст. Ташхиси пурраи таркиби хуни фард имкон медиҳад, ки маълумотҳои мухталифи таърихӣ нисбати аҷдоди фард дақиқан муайян карда шаванд. Метавон бо итминони комил гуфт, ки дар ин авлод чӣ бемориҳо будаасту чӣ генҳои истеъдодӣ ва ғайра. Танҳо бо ин пешравиҳо илми муосир наметавонад, ки ба ирсияти дар хуни фард мавҷуда таъсири куллӣ расонад, яъне хунро беҳтар намояд. Амали иваз кардани хуни фарди алоҳида тавассути хунгузаронӣ бошад воситаи сиҳатёбӣ бошад ҳам, барои тағйир додани таркиби хуну аз соҳиби он дур кардани ғализӣ мусоидат намекунад. Вобаста ба ин гуфтаҳо дар урфияти мардуми кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик мақолеро метавон зикр кард, ки “аз бадзот танҳо бадзот таваллуд мешавад” ё худ “кӯзапуштро танҳо гӯр метавонад рост кард”.

Тасдиқи оқилонаи мақоли халқиро имрӯзҳо метавон дар мисоли наҳсию касофатпешагии аъзои Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат дида, ҳар фарди соҳибмаърифат барои худ маъное бардошта метавонад. Зеро, ки хуни нопоки аҷдодӣ чунин харомизодаҳоро ба монанди Кабирию думравонаш намегузорад, ки ба созандагию бунёдкорӣ машғул шаванд. Баръакс, бо шӯри хуни ғализи худ дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо суханҳои ношоиста зидди Ватани аҷдодиашон ҳарзагӯӣ мекунанд. Амалҳои нопоки инбадзотон зиёда аз 40 сол боз идома ёфта истодаасту аз палидию разилӣ, иғвогарию ифротӣ ва дигар ҷузъҳои нопок таркиб гирифтани хуни онҳоро шаҳодат медиҳад. Ҳол он, ки ҳар фарди бо ору номус кӯшиш менамояд, қадре бошад ҳам, бо меҳнати ҳалолу софдилонааш баҳри соҳибобрӯ намудани аҷдодонаш кӯшиш намояд, вале ин нобакорони ватанфурӯш барои расидан ба ҳадафҳои нопокиу пурғаризи худ аз ягон амали зишту нопок ва ваҳшиёна даст намекашанд. Ифротгароён боиси бадбахтию маҳрумиятҳо, хонавайрониву саргардонии ҳазорҳо ҳазор аҳолӣ дар кишварҳои алоҳида мешаванд, ободониҳоро валангор месозанд, тухми адоват мекоранд ва ҷангу ҷаҳолатро тарғиб менамоянд. Аз ин рӯ, имрӯз бояд тамоми нерӯҳои башардӯсту тамаддунпарвари ҷаҳон беш аз ҳарвақта дасти ҳам бигиранд, муттаҳид шаванд ва барои саркӯб кардани қувваҳои таҳрибкору инсонбадбин ҷидду ҷаҳд намояд. Зеро, ин нафарони ватанфурӯш доимо осмони софи сулҳро мехоҳанд доғдор ва оромии ҷомеаро халалдор созанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯсти содиқро мебояд, ки бар зидди ин беномусони разил ҳушёр бошанду нагузоранд, ки суханони ин муртадон ба нафаре асар кунад.

Ман ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистони биҳиштосо баъзан аз он шукрона мекунам, ки Парвардигор онҳоро аз сарзамини мо дур кардаасту хуни нопоку ҷасади бадзот на ба хоки Ватанам пой мегузораду на бо хуни нопокаш замини кишварамро ғализ намекунад.

Собиров М.С–Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ” Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ