Илм ва амнияти миллӣ

Аввалин тасаввурот оид ба эҳтиёҷи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҳиссаи системаи сиёсӣ таҳти номи “давлат”, зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад.

“Кишвар” ва “мамлакат” синонимҳои муваффақи истилоҳи “давлат” мебошанд, аммо аз лиҳози ҳуқуқӣ баробарвазн буда наметавонанд. “Давлат” мафҳуми юридикӣ (ҳуқуқӣ) аст. Истилоҳи аввалан номбаршуда ба ҷанбаи ҷуғрофиёнанд. Кишвар, мамлакат метавонад бошад, аммо давлат набошад. Мансубияти ҳокимияти сиёсӣ дар давлат тибқи Конститутсия муайян карда мешавад. Он тақсимнашаванда аст. Ягон гурӯҳ, ҳаракати сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ дигар ин ҳуқуқ ва масъулиятро надорад. Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ миллат ва миллатҳо, ҳудуд, ташкилоти сиёсӣ пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконияти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд.

Панҷ ҷузъи (нишонаи) давлат, ки номбар гардид, дар маҷмӯъ маънои таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлатро дорад.

Ҳамин тариқ, давлат падидаи осмонӣ ё туҳфа нест. Заминӣ аст. Дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гардида, аз ҷиҳати назариявӣ ва илмӣ арзу вуҷуд мекунад.

Фаҳмиши давлат ва амнияти миллӣ тафаккури илмиро мехоҳад. Таъмини амнияти миллӣ байни ҳама донишҳо, қатъан ба тасаввурот, донишҳои илмӣ ниёз дорад. Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо ба осонӣ метавон пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок, ҳуруфот гашт.

Маълум аст, ки амнияти миллӣ ба як самт набуда, ҳамаи кори давлатдорию давлатсозӣ, аз ҷумла ҳимояи сарҳад, иқдисод, фарҳанг, дин, пешгуӣ аз бесарусомониҳо, зуҳури гурӯҳҳои экстремистӣ, террористӣ ва ғайра зери назорати коргарони ин соҳа аст.

Таърихи давлат таърихи таъмини амнияти он аст. Ин ду мафҳум, тарзе ки хотиррасон гардид, ягдигарро аз лиҳози мантиқи сиёсӣ ва натиҷаи он - ҳуқуқӣ пурра мегардонад.

Ваъзи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ - таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар марказ масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад.

Амнияти давлат мафҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он, дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад.

Давлат дар натиҷаи таҳлили дараҷаи самарнокии шаклҳои гуногуни ҳокимият, аз ҷумла бисиёрҳокимиятӣ, муҳимтар аз он, дар асоси муташаккилии роҳбарии ҷомеа мебошад. Ба воситаи он дастгоҳи идорӣ иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташударо таъмин мекунад. Ба тарзи дигар, давлат қувваи марказонидашудаи ҷомеа ба шумор меравад.

“То замоне, ки давлат - гаронтарин ҷузъи системаи сиёсии ҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд дорад, тақрибан ба ҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият бозмонондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд”.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад.

Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардашуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд.

Эътироф бояд кард, ки таҳрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намудани тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад.

Масъалаи таъмини амнияти миллӣ масъулият дар назди системаи ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, динӣ ва монанди инҳо мебошад. Мафҳуми шахшудамонда, бетағйир мавҳум нест. Чизи воқеӣ, материалии дар вақт ва фазо мавҷудбуда аст.

Ҳақиқати объективӣ дар шуури инсон чун падидаи зинда ҳама вақт дар тағйир, ивазшавӣ, ҳаракат, зиддиятҳо, ҳамзамон ҳаллу фасли он қарор дорад. “То замоне ки давлат, ҷомеа вуҷуд дорад ин ҷараён зина ба зина такрор мешавад”! Раванди таъмини амнияти давлат, миллат дар ҳолати зудтағйирёбандаи фазои минтақавӣ ва олам сурат мегирад.

Онро доимо, аз нигоҳи илмӣ ба тарзи системавӣ наомӯхтан, сарфи назар кардан, бо ҷузъиёт ба инобат нагирифтан амнияти миллиро ҷиддан зери суол мебарад.

Диалектика ҳамчун назария ва методология беш аз се ҳазор сол пеш пайдо шуааст. Таҷрибаи инсонӣ онро собит намудааст. Асоси диалектикаро аксиомаи қонуниятҳои рушди табиат, ҷамъият ва назарияи шинохти ҳақиқати воқеӣ, таълимот дар бораи зиддиятҳои ҳаматарафа ва пурра дар рушди таърихӣ ташкил мекунад. Тибқи он, падидаҳои “ДОИШ”, “Ал-Қоида”, “ҲНИ”, “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Хизбут-Таҳрир” ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву зиддимиллӣ қатъан чизҳои нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол вуҷуд доштанд, вуҷуд доранд, вуҷуд хоҳанд дошт. Дар шаклҳои дигар. Дар асоси ақидаҳои дигар (динӣ ва ғайридинӣ). Бо пуштибони дигар. Бо истифода аз маблағҳои дигар. Бо номҳои дигар. Бо чеҳраҳои дигар.

Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост. Таърихи ҷангҳост. Таърихи муборизаҳост.

Аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ карда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгӯӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки ба миллат осеб натавонанд расонидан.

Таҳлил, баррасӣ ва арзёбии вазъи ҳайётан муҳим барои таъмини амнияти миллат дар шароити ҳозира илмро ба қувваи истеҳсолкунанда табдил мекунад.

Мақсади ҳама гуна назарияҳо, аз ҷумла донишҳои илмӣ дар соҳаи таъмини амният, иборат аз он аст, ки ба воситаи ин шакли шуур маълумоти баробар бо воқеият дастрас гардад.

Меъёри асосии имтиҳони ҳақиқати илмӣ - таҷриба, амали инсонӣ аст. Дар айни ҳол раванди миллатофаринӣ ва давлатсозии тоҷикон дар назар дошта мешавад.

Муҳимтарин вазифаи мантиқ муайян кардани муносибати тафаккури инсон ба воқеият, ба ҳақиқат мебошад. Дар баробари ҳақиқати илмӣ системаи таъмини амнияти миллӣ, ҳизб, дурӯғ, таҳрифи воқеияти таърихиро ҷиддан мадди назар мегирад. Кӯшиш мекунад субъекти аслӣ ва мақсадноки таҳрифи таҷрибаи гузашта ва воқеияти имрӯзаро муаёян кунад. Махсусан, агар он ҳодисот мансуб ба таъмини амнияти миллӣ бошад. Илм дар ин самт корро осон мекунад. Чунин тафсир ва бо далелҳо исбот кардани дурӯғ аз муҳимтарин вазифаи илм аст.

Таҳлили нутқи хаттӣ ва даҳонии ашхоси муайяни мавриди назар тавассути воситаҳои электронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе “доди ватанхоҳӣ” мезананд, мисоли ҳамин гуна тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шуморидаанд. Мехоҳанд бо ҳар роҳ ба он даст дошта бошанд, бо тақдири миллат бозӣ кунанд. Чуноне ки боре кардаанд.

Дар муқобили таҳрибкории бадхоҳони миллат, воқеияти дохили мамлакатро низ бояд мадди назар гирифт. Намунаҳои ҳақиқатан ватандӯстона ва миллатпарастонаи онҳоро минбаъд ҳам қувват бахшид. Оид ба арҷгузории масъала аз муҳимтарин категорияи фалсафии сабаб - оқибат дар лаҳзаҳои барои таъмини амнияти миллӣ ҳассос истифода кард.

Яке аз мафҳумҳое, ки аз дунёи қадим то ба имрӯз моҳияти семантикии он тағйир наёфтааст, “информатсия” мебошад. Он аз калимаи information-и лотинӣ гирифта шудааст.Тӯли зиёда аз ду ҳазор сол ба маънои шарҳ, тафсир, фаҳмонидан истифода мегардад.

Дар тамоми соҳа информатсия ҷузъи ҳаётан муҳимми фаъолият ба ҳисоб меравад. Ҳарф сари маълумоти ба талаботи иҷтимоӣ посухгӯянда аст. Ҳангоми истифодаи истилоҳи “информатсия” (“маълумот” на “хабар”) маҳз ҳамин талабот ба инобат гирифта мешавад.

Маълум аст, ки метод ва методологияи гирифтани маълумоти илмӣ хусусиятҳои универсалӣ ва соҳавӣ доранд. Хусусияти умумии метод - тарз, роҳ, усул ва воситаҳои тадқиқоти илмӣ - расидан ба ҳақиқати илмӣ, ки аз “субъект, инсон ва инсоният вобастагӣ надошта бошад”, шарти муҳим нисбат ба маълумоти илмӣ аст.

Маълумот (информатсия) вазъро инъикос мекунад. Ҳолати субъектро дар муҳити атроф муайн месозад. Ҷобаҷогузории объекти омӯзиш, ҳолати материалӣ, физикӣ ва табии онро дар маъраз мегузорад. Барои таҳлили вазъ хулосаи баробар ба воқеиятро муҳайё мекунад. Барои қабули қарори дуруст шароит фароҳам меорад.

Вобаста ба пайдарҳамии истифодаи маълумот, дар илм ҳам онро ба ду қисмат ҷудо мекунанд: рӯзмарра - он чизе, ки ҳамакнун имрӯз бояд мавриди истифода қарор бигирад. Дуюм, захиравӣ - маълумоте, ки амалӣ кардани он ниёз ба вақт, соат ва лаҳзаи муносиб дорад.

Инсон фақат ба доштани илм, моҳияти масъаларо дарк ва пешгӯии ҳолатҳоро таъмин мекунад.

Китоб маърифату маданияти хонандаро баланд мебардорад, барои таъмини мақсадҳои амнияти миллӣ байни мардум аз беҳтарин воситаҳост. Нависандаҳои бисёр кишварҳо кори муҳимми миллатсозию давлатсозиро огоҳона анҷом додаанд. Касе китоби “Ҷанг ва Сулҳ”-и нависандаи бузурги рус Лев Толстойро хонад, албатта, ватандӯст мешавад.

Гуфтан мумкин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ романҳои ҷолиб, ба мисли “Ҳайҷо”-и устод Кӯҳзод, “Шинак”-и нависандаи донишманд Юнус Юсуфӣ, “Таърихи халқи тоҷик”-и Намоз Ҳотамов, “Хуросон аст инҷо”-и Муҳаммадҷон Шакурӣ, “Аз Синзиян то Хуросон”-и Камол Абдуллоев ва “Оташ дар хонаи қадим”-и Мирзонасриддин рӯи чоп омадаанд. Хонанда аз ин китобҳо таърих меомӯзад, қадру қимати Ватанро мешиносад, чӣ гуна будани давлатдориро дарк мекунад. Мақсади ниҳонии адабиёт дар бунёди амният арзишманд ва бемисл аст.

Дар замоне ки қудрати офариниши инсон ба дараҷаи ҳайратангез расида, роҳи беҳтарини зистанро фаро меорад, аз ҷониби дигар, арзишҳои эҷодгардида роҳи ҳамворро пурпечутоб мегардонанд. Дар гузашта инсонҳоро ба василаи зӯроварӣ ва пӯшонидани “пӯсти уштур” манқурт месохтанд. Имрӯз ба тариқи маънавиёт ва навтарин дастовардҳои эҷодӣ ин амалро ба сомон мерасонанд. Инро дар мисоли кинофилмҳо, киноклипҳо, интернет, шиорҳои озодӣ ва ғайраҳо метавон дид.

Дар тақдиру толеи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишофи сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди дастовардҳо, боз як қатор муаллимҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ бани бешарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он ғояҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият роҳи расидан ба зиндагии шоистаро нишон дода тавонад. Дар замоне, ки мо онро пасонавгароӣ мехонем, барои рушди инсонҳо зарур аст, ки “инсоншиносӣ” “психология ва таҳлили психологӣ” барин илмҳо боз ҳам васеътар омӯзонда шаванд.

Хулоса, бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе донишҳои илмӣ ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок, хурофот гашт.

Модоме, ки асоси фаъолиятро дар самти илм таъмини амнияти давлати миллӣ ташкил мекунад, тасаввурот бояд зиёдтар аз дараҷаҳои фаҳми масъалаҳои фаврӣ ва ҳуқуқӣ бошад. Донишҳои илмӣ дар ин самт ҷое оғоз мешаванд, ки дар маҷмӯи далел, равандҳои ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва олам қонуниятҳои шаклгирии таҳдидҳо муайян ва дар чаҳорчӯби ҷузъиёт хулосаҳои дақиқ бароварда шаванд.

Аз маҷмӯаи мақолаҳои "Илм ва амнияти миллӣ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ