Изҳорот: Хиёнаткор бояд ҷазо дода шавад!

Санаи 4 – уми марти соли 2020 аз сомонаҳо ва дигар восоити ахбори омма маълум гардид, ки Муҳаммад Тағоевро дар шаҳри Қазоқистон дастгир намуданд, зеро ӯ нисбати сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хиёнат намуд. Наворҳои ғайрирасмии ӯ дар соманаҳои ичтимоии Facebook, ки бо танқид, фикру ақидаҳои бадва суханони беасоси ӯ мебошанд паҳн гаштааст.Дар мудатти кӯтоҳ ӯро дастгир карданд, ҳоло ӯ дар ҳабси Ҷумҳурии Қазоқистон будааст, ки айни ҳол аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон қарори ҳабси пешакии Муҳаммад Тағоев ба мудатти 40 шабонарӯз шудааст. Ин рӯзҳоТоҷикистони гул гул шукуфону пешрафта истодаи моро бисёр душманон мехоҳанд ба қафо кашанд ва бо суханони бедалели худ овозаҳои бад паҳн мекунанд.

Афсӯс, ки дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки нисбати Ватани худ, ки он ҷо ба дунё омада ба воя расидаанду аҳли оилаашон дар ин сарзамин зиндаги ба сар мебаранд хиёнат мекунанд ва инро байни дигар давлатҳое, ки бо Тоҷикистон ин рӯзҳо робитаҳои хеле зичу судманди кори дорад, паҳн менамоянд. Хеле ташвишовар аст ки,шахсон ва ҷавононе ба гуфтаҳои ин шахси хиёнаткор фирефта мешаванд, ва ҳаёти худро ба хатар мегузоранд. Чунин шахси дасисакор бо гуфтаҳои танқидовар ва кирдори ношоями худ ҷавонони имрӯзаро,ки дар ин кишвари озоду тараққи карда истодаи мо пешрафта истодаанд ба роҳи бад равона карда, мафкури онҳоро вайрон месозад. Ин гувоҳи медиҳад, ки ин шахсони нафратовар хеле таффакури паст доранд. Лек халқи донову оқили мо ба чунин фиребгариҳои шахсони ба мисли Муҳаммад Тағоев шомил намешаванд ва ҳамеша дар пешрави ва оромии ин сарзамини азизи мо саҳм гузор мебошанд. Ҷавонони имрӯза хеле боғайрат ва соҳибилм буда дар пешравии ҳамаи соҳаҳои илмӣ, ҷамъиятӣ ва дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ фаъолият бурда истодаанд. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистонтавонист насли наврасро дуруст ва дар ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстӣ тарбият намояд.

Изҳороти устодони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ