Филми ​“Хиёнат” – баёнгари воқеият

Хиёнат ба Ватан –амалест нобахшиданӣ ва нафриновар, ки касифтарин шахс ба домони поки Модар-Ватан хиёнат мекунад. Дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, ва ҳатто имону виҷдони худро мефурушад. Бешак, ин гуна ашхос пайрави шаётини лаъинаст. Пас аз тамошои филми Хиёнат , ин гуна шахсияти касифу курнамакро дар симои Кабирӣ ва ҳамаслакони у дарёфтам.Ин шахсиятҳо бо суханҳои дурўғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардан мехоҳанд. Ин душманони дини мубини ислом аз эътиқоди динии мардум истифода бурда, тавассути ҲНИ мехоҳанд дар минтақа вазъро ноором сохта, ба ниятҳои нопоки худ расанд.

Дар наворњо шоҳиди ҳол мегардем , ки ин нокасон ва гуруҳи хунхорашон ҳанўз аз нахустин рўзҳои ба истиқлолият расидани Тоҷикистон хуни ноҳақ рехтаву ҳазорон фарзонафарзандони ин миллатро ваҳшиёна ба қатл расонидаанд.

Мардуми кишвар аз дасисабозиву варсоқихониҳои Кабирӣ ва намояндагони гурўҳҳои бадандешу сияҳдил ба пуррагӣ огоњ гардида буданд. Зеро дар њамон давраи њассос бо ташкил намудани ҳизбњову гуруҳҳои ҷудоиталабу мансабхоҳ маҳз онҳо сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва харобкориҳо гардида буданд.

Охир…..вуҷуди шахси комилро аз амалҳои кабирисифатону гуруҳи “махлуқоти ваҳшияш” аз алам нафрин ҷуш мезанаду …. Туф бар Кабириву ҳаммаслаконаш! Туф бар хоинони миллату халқу давлат!

Куштори даҳҳо ҳазор нафар ҷавонон аз ҷониби гумоштагони ТЭТ ҲНИ магар амали ваҳшиёнаву разилона нест?

Ташкили табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ҲНИ ва равияњои иртиҷоии ҳамон замон магар хиёнатнест?

Бепадару бемодар мондани фарзандон, бефарзанд мондани волидайн, бешавҳар мондани занони муштипар бо сабаби хунхории гумоштагони ин ҳизб дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ магар ҷинояту қонуншиканӣ нест?….

Ва ҳазорон саволи беҷавоб ҳаст, ки барои ба онҳо ҷавоб гуфтан, Кабирӣ бояд аз оғуши гарми хоҷагонаш берун ояд, аммо “Ошиқ ба маъшуқаш хиёнат намекунад”, зеро њамаи “ҷамоли беҳамтояшон” аз ҳисоби хоҷаашон аст.

Бемуобо ва мунсифона арз медорем, ки роњбарияти Олии кишвар ва хосатан Пешвои муаззами миллат ана дар њамон айёми хиёнати он курдилон мардонаву оқилона ба пештозони мухолифи халқу давлат гузаштњо карда, бо вуљуди эљоди ин қадар кулфатҳову нобасомониҳо боз онҳоро бахшиданд ва барои барқарорсозиву пешбурди рўзгори миллат нафарони зиёди он нохалафонро дар паҳлўи худ љой доданд.

Ин бахшиши Роҳбари азизу муборакқадами тоҷикон дар таърихи чандинњазорсолаи ҷаҳониён назир надорад, вале он гургзодаҳо ба ивази ин бахшишу бологузарсохтанњо чӣ карданд,?…Ғайр аз хиёнат ба миллату давлату Ватан ва иғвоандозӣ дигар ҳеҷ чиз!!!!!

Агарчи имруз ҳазорон афсонаҳо тариқи расонаҳои зархаридашон ва матбуоти зард бар гуши мардум мехонанд, вале яќинан мардуми шарифи тоҷик медонанд, ки имрўз кишвари ороми тоҷикон нурбору пур аз ободкориҳост ва ин ободињо натиҷаи дилҳои ободанд. Халқ хушнуду зиндагии орому осуда дорад ва шукргузор аз давлату давлатдории имруза мебошанд.

АММО миллат ҳаргиз хиёнату амалҳои разилонаву ваҳшиёнаи наҳзатиёнро фаромуш намекунад!!!

Бояд гуфт, ки мо оид ба бедодгариву ҳайвонсифатии гурўҳҳои тундгарову террористӣ тавассути воситаҳои ахбори омма хабардор мешавем. Нафратамон меояд, ки ин ҳайвонсириштони аз гуфтори чунин кабирињо барин ашхоси буздили пинњон рўҳгирифта ба куштори одамони бегуноҳ- занону мўйсафедон ва кўдакон низ даст мезананд. Ва тавре Президенти Љумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон дар ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ барҳақ таъкид намудаанд: «Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад».

Хулоса, имрўз Ватан аз фарзандони халафи хеш ҳарфи вафодорию садоқат, нангу номусро нигарон аст. Вале афсўсу вою дареғ, ки дар домани намозии Ватан фарзандони нохалаф низ кам нестанд. Ќомати чун гул зебои Ватан хору ангал ҳам дорад. Онҳо шайтони нафс мечаронанду дар бадбахтии дигарон ҳамвора бахту суд меҷўянд. Барои намоиш дар лаб ҳарфи муқаддаси Ватан, вале дар асл бошанд, мисли фирориёни ватангадо, ватанфурўшу хоину ноҷавонмарданд.

Нону намаку оби ҷонбахши Ватан нўш бод ба оне, ки дар дил меҳри Ватану халқи азизашро мепарварад. Ба ќадру манзалати халқу Ватан оне мерасад, ки дар ниҳод ҷавҳари инсонӣ дорад…Вассалом.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ