​Виҷдон куҷову шараф куҷо...

Солҳои охир васоити ахбори умум, аз ҷумла расоннаҳои иҷтимоиро “минбари озод” барои ибрози ғояву ақидаҳои худ номидан ҷоиз гардидааст. Зеро нафаре барои пешбурдани кори илмии худ сомонаҳои интернетиро истифода менамояду дигаре барои дарёфти қутти лоямут, сеюми барои “бозиҳои ҷавонӣ” истифода мекунаду чоруми барои гумроҳи мардуми осоишта. Се гуруҳи истифодабарандагон барои эҳтиёҷоти фардӣ кор мефармоянду бар халқи осоишта кордор намешаванд, вале аз чоруми бояд тарсид...

Борҳо мушоҳида намудаем, ки террористону маҳкумшудагони кишварҳои гуногун бо воситаи расонаҳои иҷтимоӣ бар мардум муроҷиат менамоянду халқи осоиштаро барои “озод” шудану “обод” кардани ватан “даъват” менамоянд. Вале вой бар ҳоли ин “озодӣ”-ву он “ободӣ”…,ки касро бар муаммоҳои зиёде мебарад. Барои “озодӣ” ва “ободӣ” ин афрод аз кадом манбаъ пул ва мол ҷамъ менамоянд? Аз куҷо барои сафарҳо ба шаҳрҳои гуногуни олам маблағ меёбанд? Ватанро бо ҳар гуна роҳ “сиёҳ” мехонанд, вале сиёҳии дили худ, дидаи худро намебинанд магар, ки онҳо дар кадом вазъанду мо дар Ватани ободу осоишта чун гул шукуфон....

Дар ҳақ ин ҳама хислату рафтори ғайриинсонӣ ба саркардагону ҳаммаслакони наҳзатиёни наҳс мансубаст. Худ Кабириву Муҳаммадиқбол, Шарофиддину Темур, ки ҳама амалашон танҳо ба хиёнаткорӣ хос асту аз доираи инсонгароиву одамият берун... хуб медонем, ки нафареро бадном намудан ва ё ободиеро нодида гирифтану ҳамаро “сиёҳ” гуфтан аз хислатҳои пасти инсонист! То ба кай ин хоинон ба минвол амал менамуда бошанд? Ваҳ -ваҳ куҷо? Охир бешарафон аз ақлу хирад бегонаанд. Агар ақл, виҷдон ва шарафу номус медоштанд, магар бар хоки худ, бар ватани худ, ба миллати худ хиёнатро раво медиданд? Ҳаргиз!

Ҳамагон хуб медонем, ки амалҳои нопоки ин нохалафон танҳо бар манфиати худ ва қонеъ гардонидани зархаридони худ аст. Рӯз то рӯз ҳар як амали пур аз фасоди ин нафарон ошкор шуда истодааст. Худ бо роҳи қаллоби аз худ намудани маблағи калони пулӣ ва ё амалҳои бешарафонаи Муҳаммадиқбол бо далелҳои тасдиқкунанда дар силсилафилми Хиёнат рӯи об баромадасту бар ноогоҳонро ба пуррагӣ аз амалҳои нопоки ӯ огоҳ намуд. Бар ин “ватандори асил” бо исрор таҳдид таъкид мекунем, ки “ободисозиву озодихоҳӣ”-и шумоёнро чи кунем, ки шумо худ озод нестед, шумо худ побанди хоҷагони худ ҳастед! Мо ин ҷо обод ҳастему озод!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ