​Ташкилоти террористии наҳзати исломӣ

Муҳиддин Кабирӣ айни ҳол ақида дорад, ки бо ҳизби наҳзаташ, ки ақидаҳои ифротиии исломиро барои манфиатҳои худ истифода мебарад, дар хориҷ аз кишвар дар батни кишварҳои абарқудратиҷаҳонӣ бар зарари мо истифода бурда, ба ҳамин роҳ қудратро ба даст мегирад. Мо боварии зиёд дорем, ки ин ташкилот бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣмуваффақ нахоҳад шуд, зери ин нафари хиёнаткор ба ақидаҳои хеш устувор нест. Ҳизби террористии кабировҳо, ки расман номи ташкилоти террористии ҳисби наҳзати исломӣ унвон дорад, танҳо ба як шахс Муҳиддин Кабирӣ алоқамандӣ дорад. Ҳамон ҳаракатҳои хоинонаи дастнишондаҳои Кабирӣ дар хориҷ боиси он шуд, ки тоҷикон дар қаламравҳои Иттиҳоди Аврупо ба мушкилӣ рӯбарӯ шуданд. Баъзе нафарон ба тӯҳмат доғи террорист ба гарданашон бор шуд. Айни ҳол дар зиндонҳо умр ба сар мебаранд. Ҳодисаи бо яроқи оташнишонӣ захмӣ кардани як блогери тоҷик дар Олмон ҳамаро ба ҳайрат овард. Зеро чунин корҳои ғайриинсоние, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекарданд шабеҳи ҳамин гуна корҳоро дар қаламрави кишварҳои абарқудрат бар зидди мардуми мо анҷом дода истодаанд ва амалҳои онҳо бенатиҷа мемонад.Маълум, ки дар тамоми минтақаҳо барои ҳадафҳои хоҷагонашон аз тамоми корҳо истифода бурда истодаанд. Ва хоҷагони онҳо барои рӯйпуш кардани ҷиноятҳои онҳо ҳамеша омодагӣ зоҳир менамоянд. Чун Кабирӣ дар Тоҷикистон бо амалҳояш мавқеъ пайдо карда натавонист, дар аврупо ҳам бо чунин корҳо сари худашро ба бало мепочонад. Баъд он вақт дер хоҳад шуд. Мо чунин амалҳои ношоистаи Муҳиддин Кабириро маҳкум менамоем.

Кайхусрав Каримов –устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ