Зуҳуроти хатарноки ҷаҳон
Ҷаҳони муосир бо вуҷуди пешрафтҳои рўзафзуни маънавию технологӣ ҳанўз дар заминаи хатарҳое қарор дорад, ки яке аз ин гуна хатарҳои ҷаҳонӣ экстремизм ва терорризм мебошад. Дар ҷомеаи муосир мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ, ҳамчунин паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ, ахлоқи ношоиста, тарғиботи носолими мазҳабию идеологӣ ва ба воситаҳои иттилооту ахбори омма роҳ ёфтани онҳо аз муҳимтарин масъалаҳо ва хатарноктарин ҳодисаҳо мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду гузоришҳоли худ оид ба бартараф намудани хатарҳои экстримистиву терорристӣ изҳори назар намуда Тоҷикистонро яке аз давлатҳои мухолифи терроризми байналхалқӣ эътироф кардаанд. Заминаҳои рушди ин рўйдоди хатарнок пеш аз ҳама маърифати паст ва манфиятҳои шахсии гурўҳҳои ифротӣ мебошад, ки бо номи Ислом мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Равшан аст, ки дар ҳамаи динҳо эҳтиром гузоштан ба ҳаёт ва шахсияти инсон яке аз рукнҳои ниҳоят муҳим эътироф шуда, қатли инсонҳои бегуноҳ ҳамеша мавриди накўҳиш қарор гирифтааст. Терроризми байналхалқӣ падидаи ниҳоят ваҳшатноки замони имрўз мебошад, ки ноамн сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз байн бурдани сулҳу оромии бархе аз давлатҳоро мақсади асосии худ қарор додааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати ифтитоҳии конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки “Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд. Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст.”
Ҷалб намудани ҷавонон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳадафмандона истифода намудани нерўи ҷисмонии онҳо ба кори асосии гурўҳҳои террористӣ табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, бархе аз ҷавонони тоҷик низ ба ин гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, ки оқибатҳои ниҳоят вазнин ва марговар дорад.
Ба назар мерасад, ки омилҳои асосии ба ин гурўҳҳо шомилшавии бархе аз ҷавонон пеш аз ҳама ноогоҳии онҳо аз дину мазҳаб ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Борҳо собит шудааст, ки аксари ҷавонони ба ин гурўҳҳои ифротӣшомилгардида дониши казоӣнадошта, аз дину оинҳои суннатӣ низ иттилооти кофӣ ба даст наовардаанд.
Терроризмро аксари олимони соҳаҳои гуногун падидаи ниҳоят хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста, ибрози ақида доранд, ки фарогирии донишҳои замонавӣ ва ошноӣ ба технологияи инноватсионӣ аз ҷониби ҷавонон яке аз омилҳои муҳим ва заифкунандаи ин падидаи номатлуб мебошад.
Дар самти мубориза бо ин падида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои солҳои 2013-2020 қабул карда, ба марҳалаи ҷамъбастӣ расонидааст, ки ин таҷриба натиҷаи фаъолияти тавъами ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомотҳои давлатиро тасвир менамояд.
Мо дар ҷомеаи озоду демократӣ, ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаҳои экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем.