Зинда бод Тоҷикистони биҳиштосо!
Тоҷикистон ва халқи меҳнатдӯсти он бо Пешвои муаззами худ ифтихор дорад ва барои пешрафти ин кишвари биҳиштосо ҳамавақт сайъу кӯшиш менамояд.
Бо баробари расидан ба истиқлоли миллӣ миллати азиятдидаву ранҷкашидаитоҷик соҳибистиқлол гардид ва дар кишвар нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфмкрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадият, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо гардид. Барои ноил гардидан ба ин, миллати тоҷик азобу уқубатҳоихеле зиёдеро паси сар намуд ва мардуми босабру тоқати тоҷик ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда мардонавор қадам ниҳод.
Бархе аз душманони бадхоҳсараввал тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати тоҷикро ба ҳамдигар ивғо андохтанд, ҷангҳои бародаркуширо ташкил намуданд, манзили тоҷиконро ба харобиҳо табдил дода мардумонашро муҳоҷир гардониданд, ки дар натиҷа садҳо ҳазор кӯдакон бепарастор монданд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида буд. Сабаби асосии оғози ҷанги шаҳрвандӣ ин аз таърих, фарҳанги тамаддун, аз бузургию шаъни гузаштагони худ огоҳ набудани силоҳбадастон буд.
Имрӯз миллати тоҷик ҳама ба ҳам омада, сар аз як гиребон бароварда, давлату миллати хешро саробону пуштибонанд. Ин дастовардҳои бузург бо шарафи фарзанди барӯманди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ростгирӣ намудани мардуми бошарафи ин сарзамин ба даст омадааст. Имрӯзҳо тоҷикон ҳамчун миллати бузург машҳури ҷаҳонанд. Дар тамоми гӯшаву канори дунё ҳамчун кормандони соҳаҳои гуногуну бузург фаъолият мекунанд.
Миллати барӯманди тоҷик имрӯзҳо даст бар даст ниҳода, пиру барно иншооти бузурги кишвар, НБО-и Роғунро бино мекунанд. Тамоми бошандагони Тоҷикистони азиз дар бунёди ин иншоот саҳмгузоранд.
Бо ташаббуси Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Маҳз тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон ободу зебо гардида, таваҷҷӯҳисайёҳонба минтақаҳои зебои он афзуда истодааст. Ин бори дигар аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии хуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Иқдоми мазкур ҳамаи ҳунармандонро водор месозад, ки беш аз пеш кӯшиш намуда, маҳсули дасти хешро ба бозори, ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.