Занон бояд мақоми пешоҳангӣ дошта бошанд
Солҳои охир шумораи зиёди занон номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат ва зинаҳои дигари мақ омот пешниҳод намуда, ба пирўзӣ ноил гашта истодаанду дар таҳия, қабул ва татбиқ и қарору қонунҳо фаъолона ширкат меварзанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони вазирону раисон аз ҳисоби бонувони фаъолу кордон таъин карда мешавад. Бинобар ин, имрўзҳо дар мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ, ноҳиявию маҳаллӣ беш аз 8 ҳазор занон фаъолият бурда истодаанд, ки 500 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ адои хизмат мекунанд.
Бо вуҷуди ин Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодҳоро нокифоя шуморида, дар Паёми имсола зикр намуданд, ки дар оянда аз ҳисоби занону духтарони фаъол зиёд намудани кормандони идораҳои давлативу ҳизбиро афзун менамоянд.
Бо ин мақсад ба масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, бахусус духтарони деҳот эътибори ҷиддӣ зоҳир намудани аҳли ҷомеаро бори дигар таъкид доштанд. Тибқи квотаи Президентӣ ҳар сол садҳо духтарон ба мактабҳои олӣ пазируфта мешаванд, ки ин иқдом зиёда аз 15 сол идома дошта, қариб 10 ҳазор нафар ҷавондухтарон соҳиби маълумоти олии касбӣ гардида, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.
Бузурге фармудааст: «Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд.
Вале, баъди қироати андешаҳои ашхосе, ки оид ба омода ва таҳия шудани тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид нашудани занони сатру ҳиҷобпўш ба муассисаҳои давлатӣ андешаҳои зиёде пайдо мешаванду барои ҷавоб додан ба чунин инсонҳое, кихудро «мусалмони асил» мепиндоранд мехоҳӣ хомуширо пеша намоӣ, вале мавқеи бетарифиро касб намудан низ аз руи инсофнест.
Хонума Файзинисо Воҳидова иброз менамоянд, ки ҳатто дар даврони Шўравӣ ба диндорон ин қадар фишор намеоварданд. Оё ин шахс намедонанд, ки имрўз вазъи дунё аз вазъи даврони Шўравӣ аз замин то осмон тафовут дорад. Гап дар сари пўшидан ва ё напўшидани сатру ҳиҷоб не, балки дар сари мафкураву дунёи ботинии инсон меравад. Аз таърих мисол меоранду бисёр далелҳои таърихиро нодида мегиранд, ки хатои нобахшиданист. Хуб мешуд, агар идеологияи давраи Шўравиву Тоҷикистони соҳибистиқлолро муқоиса намоянду, сипас аз паи ибрози ақидаҳои беасос шаванд. Занони даврони Шўравӣ коинотро фатҳ намуда буданд, дар майдони набарду муҳорибаю меҳнат аз мардон камӣ надоштанд, ки дар байни онҳо шумораи занони тоҷикниз зиёд буданд.
Имрўзҳо низ заноне, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон азму талош доранд кам нестанд. Зан – раиси дастгоҳ, зан-раиси шаҳр, зан-раиси ноҳия, зан-раиси ташкилоту муассиса, зан – сарвари муассисахои таълимӣ ва ғайраву ҳоказо..
Соҳибони андешаҳои ботили калимаи «демократияро аз Конститутсия гиред шеъри машҳури Мирзо Турсунзода «Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд»-ро ҳангоми мактабхонӣ аз ёд накарда буданд? Ё ҳофизаашон суст шудаву ҷои онро акидаҳои бегонапарастӣ гирифта?
Хулоса, аз занони боиффату бомаданияту соҳибмаълумоти Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки ҷои ба бар кардани сару либоси бегона, қабули фарҳанги ғайр рисолати худро дар таваллуду тарбияи насли руҳану ҷисман солим, омўзишу ташвиқу таблиғи фарҳанги миллӣ, аз худ намудани анъанаҳои миллии оилаву оиладорӣ, иззату эхтироми пирони рўзгор, расидан бақадри меҳнату ҷонфидоии қаҳрамонони миллат, арҷгузори ба мероси ниёгон, талқини фарзандон ба китобу китобхонӣ ва ғайра дида, кўшиш намоянд, арвоҳи гузаштагонашон шод бошанду фарзандонашон ба некӣ ёдашон намоянд.
Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи
назария ва методикаи таълими забони модарӣ