Забон омили худшиносии миллат

Забон неъмати бебаҳоест, ки инсон онро аз замонҳои қадим истифода мебарад. Он яке аз унсурҳои асосии фарқкунандаи инсон аз махлуқоти дигар аст. Дар ҳар давру замон одамон ба он чун муқаддастарин, заруртарин ва пояндатарин дороии худ муносбат намуда, маъмулан барои таъмини волоияти он мекўшанд. Халқу мардуме, ки забонашро маҳфуз дошта наметавонад, ногузир аз он маҳрум мегардад. Аз ин ҷост, ки ҳар як соҳибзабон дар рушди забони хеш саҳмгузор бояд бошад. Тоҷикон, хушбахтона, яке аз он камтарин мардумеанд, ки забони худро дар дудмони куҳани таърих хубу марғуб нигаҳ дошта, на танҳо мавҷудияташро, балки рушдашро таъмин карда меояд. Ба вижа дар даҳсолаҳои охир, ки равиши ҷаҳонишавии арзишҳои моддию маънавӣ доираи имконоти рушди забонҳои хурдро торафт маҳдуд менамояд, масъалаи ҳифозати забони миллӣ беш аз пеш доғтар мегардад. Зеро, забони тоҷикӣ дар масири мавҷудияташ борҳо рушду нумӯъ карда, маротибаҳо равнақу инқирозро аз сар гузаронидааст. Охирин марҳалаи рушду ғаномандии он ба солҳои 80-и асри ХХ ва оғози садаи ХХI рост меояд. Дар ин давра ба шарофати қувват гирифтани худогоҳию ҳуввияти миллию расидан ба истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ беш аз ҳарвақта аҳамияти амалию ҳаётӣ пайдо кард.

Бояд эътироф кард, ки ҳатто дар замони қудратмандии Иттиҳоди Шўравию забони русӣ низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳфузияту инкишофи забони тоҷикӣ эътибор дода мешуд ва таҳлили муқоисавӣ исбот намудааст, қи забони адабии тоҷикии замони шўравӣ яке аз миллитарин забонҳои Иттиҳоди Шўравӣ буда, заминаҳои ниёгониаш барҷотар мондааст. Вале бо вуҷуди он агар мардуми кишвар баистиқлолияти давлатӣ соҳиб намегашт, касе рушди имрўзаи забони тоҷикиро чашмдор намешуд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард, чунки сари қудрат нафаре омад, ки дар худогоҳиву пешрафти ҷомеа саҳму мақом ва манзалати забони модариашро аз василаву унсур ва омилҳои дигар камтар намедонад. Ҳанўз 15-ноябри соли 1993 сарвари кишвар дар суханронии хеш ба муносибати яксолагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари масъалаҳои сулҳу оромӣ ва амнияти давлатию ҷамъиятӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг ба масъалаи вазъи забони тоҷикӣ, аҳамияти донистан ва пеш бурдани забони модарию давлатӣ диққати махсус дода, қайд карда буд, ки «Ба пешрафти минбаъдаи забону адабиёти тоҷик имконият фароҳам оварда, баробари таълими алифбои кириллӣ барои омўхтани алифбои ниёгон роҳи васеъ мекушоем». Ин таъкид барои аҳли зиёи кишвар раҳнамуне гашт, барои омўзишу таҳқиқи ҷиддию фарогир ва дар як муддати кўтоҳ дастуру раҳнамо ва васоиту худомўзҳои гуногуни зиёд оид ба омўзишу таълими алифбои ниёгон, барои жарфтару амиқтар ва дурбинтар мавриди баррасӣ қарор додани таъриху фарҳанг, илму адаб, соҳаҳои мухталифи ҳаёти маънавии ҷомеа, роҳу ҷодаи нурбахше гардид, дар роҳи наздик шудан ва расидан ба асолати миллӣ. Дар муддати кўтоҳ пажўҳишу гироишҳои илмии зиёд натиҷагирӣ гардид ва коршиносон ба тадқиқотҳову ковишҳои назарраси илмию амалӣ устуворона ва умедворона камар баста, таълифоти арзишманде ба миён оварданд. Масъалаҳое, ки то ин вақт баррасиашон мамнўъ буд ё ба таври маснўӣ натиҷагирӣ мешуданд, ба марҳалаи ҳалли ошкоро расиданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ