Вокуниши аҳли ҷомеаи кафедраи таърихи умумӣ ба амалҳои ватанфурӯшонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ

Мутаассифона, душманони Ватанамон мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки худро дар роҳи ноором сохтани вазъи кишвар бо роҳи тафриқаангезӣ амалӣ созанд. Муваффақиятҳои кишварамон ба онҳо то дараҷае бад менамояд, ки онро бо ҳар далелҳои бофта мехоҳанд сиёҳ намоянд. Онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷа ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, мебошанд. Аъзоёни ин ҳизби мамнӯъ пас аз шикаст дар рақобати сиёсӣ Ватанро тарк намуда, акнун давоми қариб панҷ соли охир бо сиёҳ кардани кишвар машғул ҳастанд. Аз ҷумла, раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ амалҳои хоинона давом дода истодаанд. Мақсади асосии онҳо ба воситаи бо ҳар роҳу васила бадном кардани Ҳукумат, гумроҳ намудани мардуми кишвар ва дар ин асно вазъи сиёсии кишварро ноором намуда амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои хоинона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд, намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилоти ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини фирорӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта буд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд, мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд. Барои чунин амалҳои худ онҳо соҳиби маблағҳои калон гардида истодаанд.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехоҳанд аз рӯи сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъиро ливои дасти худ намуда, мехоҳанд ҷавонони моро гумроҳ намоянд. Лекин мардуми кишвар таҷрибаи талхи солҳои 90-умро фаромӯш накардаанд ва намегузоранд, ки нақшаҳои ғаразноки хоинони Ватан амалӣ гардад.

Мо, аҳли ҷомеаи кафедраи таърихи умумӣ амалҳои душманонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро қотеона маҳкум менамоем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавонони мо аз иқдомҳои созандаи давлатамон ба хуби огоҳи дошта бошанд ва ба иғвогариҳои душманони миллат баҳои дуруст дода тавонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ