Вокуниш ба рафтори ношоями Хайрулло Мирсаидов

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Чан рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва роҳбари собиқи дастаи КВН Тоҷикистонро бо сомонаи “Akhbor.соm” мутолиа намудем, ки ин рафтори бетарафонаи Хайрулло Мирсаидов, ки қасди барнагаштан ба Тоҷикистонро дорад, моро ба таҳлука овард. Аз суханони ӯ маълум мешавад, гӯё ӯро бе ягон гуноҳ қариб 9 моҳ боздошт намуданд. Аммо мувофиқи қонун ягон нафар ҳуқуқ надорад, ки инсони бегуноҳро дастгир кунад. Инро худи намояндагони мақомотҳои дахлдор хубтар медонанд. Мо боварии комил дорем, ки мақомотҳои мо бе гуноҳ ягон нафрро дастгир ва зиндонӣ нахоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки Хайрулло Мирсаидов агар ягон ҷиноят содир накарда буду худро инсони бегуноҳ мепиндошт чаро аз Ватан фирор кард, бояд беҷурмии худро собит мекард. Вақте ӯ ингуна рафтор намуд, аз он бармеояд, ки ӯ гунаҳгор аст. Гуфтан ба маврид аст, ки Мирсаидов бояд мувофиқи қонун аз мамлакат берун набояд мерафт, аммо мавсуф бо ҳар роҳу восита фирор намуда, ҳоло дар Гурҷистон гӯё табобат мегирад. Ӯ бо гурехтан ба дигар давлат қонуншиканӣ намудааст. Ин амали Хайрулло Мирсаидов хатои маҳз буда, ба андешаи мо бояд ҷозои худро бинад.

Мо як гурӯҳ омӯзгорон аз ин рафтори бетарафонаи Хайрулло Мирсаидов ба ваҷҳ омода махкум мекунем. Гуфтани ҳастем, ки ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида, баҳри инкишофи ҳаматарфаи мо шароитҳои беҳтаринро фароҳам карда истодаанд. Мо бояд сиёсати дурандешонаву хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллати худро якдилона пайгирӣ намуда, барои гул-гулшукуфоии ватанамон ҳамеша саҳм гузорем. Ҳамчун пайравони асил ва ҳамешагии ин шахсияти беназир ба сӯи ояндаи дурахшони Тоҷикистон қадамҳои устувор гузорем. Ҳамчун давомдиҳандагони ташаббусҳои неки Пешвои миллат баҳри ободкориву созандагӣ талоши бештар намоем. На ин ки бо рафторҳои ношоями худ ба Ватан- модари худ осеб расонем.

Дар паёми имсолаи Асосгузори Сулху Вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Эмомали Рахмон, ба Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон қайд намуда буд, ки мардуми шарафманди Точикистони сохибистиклол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезию, дассисабози халалдор намояд ва халки ободгари моро аз мачрои созандагиву бунёдкори берун созад.

Устодон ва кормандони кафедраи электроника

факултети физикаю техникаи МТД

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ