Ватанро соҳибӣ кунем

Ватанро соҳиби кунем, дӯст дорем бо забонамон, бо рафторамон, бо кирдорамон, бо амаламон. Исбот кунем, ки мо соҳибватан ҳастем. Мо давлат дорем, мо Ватан дорем!

Эмомалӣ Раҳмон

Ватани ман! Ту чӣ рӯзҳоеро надидаӣ! Бар сари ту чӣ ҳодисаҳое, ки наомадааст! Ман дар оинаи нилгун дидам, ки ватанам вайрону валангор аст.

Ҳама бо худ яроқ доранду ҳама ҷо пур аз танку мошинҳои зиреҳпӯш аст. Дидам мӯйсафедеро, ки мисли тифли навзод мегиряд. Кӯдакеро дидам, ки дар кӯча модар гуфта дод мезад.

Вақте падару модарам рӯзҳои сиёҳи ҷанги шаҳрвандиро нақл мекунанд ба ман хеле ҷолиб мешавад. Бодиққат гӯш меандозам. Мегӯянд он вақт нони хӯрдан набуд, халқ сабусро орд карда мехурданд. Барои нон навбат меистодем, занозанӣ мешуд. Ҳатто падарам, ки дар корхона нонпазии шаҳрамон кор мекард, нақл мекунад, ки он вақт дар корхона орди гандум ёфтан душвор буд. Гутфанд, ки дар деҳа силоҳбадастон мегаштанд. Тирпаронӣ мешуд, мекуштанд, меовехтанд. Ҳатто модарам нақл мекунад, ки бо чанде аз ҳамсояҳо ба дигар деҳаҳои каме амн гурехта мерафтем. Дуо мекардем, ки ин рӯзҳо тамом шаванду осоишта зиндагӣ кунем. Мактабҳо дар ҳолати бад қарор доштанд. Силоҳбадастон мактабу донишгоҳҳо ва ҳатто телевизион, радио ва газетаҳоро идора мекарданд.
Чӣ қадар кӯшишҳо ба харҷ дода шуд, барои ором намудани халқи гумроҳ. Чӣ қадар халқ ҷони худро бохта буданд. Чӣ манзарае дошт, Тоҷикистони ман.

Оҳ Тоҷикистон, садқаи номат! Кӣ он замон тоҷатро гирифтани шуд? Кӣ нахост, ки сулҳ бошад? Сабаби ин ҳама рӯзҳо чӣ буд? Ҳама орзӯи сулҳро доштанд, ку. Пас чаро ҳама сарҷамъ наомаданд? Оҳ Тоҷикистони торикистонам! Магар намехости, ки сокинонат орому осоишта зиндагӣ кунанд? Магар намехости, ки мисли имрӯза зебову дилоро бимонӣ? Имрӯзро бубин, чӣ қадар дилнишин шудаӣ? Пур аз биноҳои баландошёна, пур аз нону халтаҳои орд ва аз ҳама асосаш ҳоло сулҳ пойдор аст! Халқат оромона шабу рӯз дар зери ҳавоят нафас мекашанду қадам мезананд. Ин ҳама бо кӯшишу ғайрати зиёди марди ҷасуру тавонои туст. Зиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон, зиҳӣ. Барои якҷо намудани ҳамватанони худ, чӣ корҳоеро накардаӣ. Ҷони худро дар хатар гузоштиву тоҷикони гуреза ба дигар мамлакатҳоро ба Ватан ҷамъ овардӣ. Орзӯи волидон ва орзӯи ҳама ҳамватанонамонро амалӣ намудаед. Ватанам, битвонӣ ҳама он рӯзҳоро фаромӯш кун ва дуо мекунам, ки он рӯзҳо дубора бар сарат наоянд!

Ҳоло ҳар як гӯшаи ҷумҳурӣ ҷилои сабзаву гул медиҳад. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактабҳо, беморхонаҳо, майдончаҳо, боғҳои истироҳатӣ, тарабхонаҳо, марказҳои бозии кӯдакона, корхонаҳо, осорхонаҳо ва даҳҳо иншоотҳо сохта шудааст, ки барои мо сокинон хеле писанд аст. Ин ҳама саъю кӯшишҳои Шуморо, Пешвои миллат, мо ҷавонони ояндасоз ба назар гирифта, дар назди Шумо ваъда медиҳем, ки ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, доимо номбардори Тоҷикистон бошем!

Шарипова М.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ