Ваҳдати миллӣ ва фардои пурнусрати мардум
Дар таърихномаи ҳар миллати олам саҳифаҳое ҳастанд, ки онҳо аз назари арзиш ва моҳияти таърихӣ ҳамто надорад ва барои наслҳои имрўзу фардо ҳамчун чароғи раҳнамо ва ҳидоят хидмат менамояд. Барои миллати сарбаланду сарафрози тоҷик чунин саҳифаи заррин рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки он санаи 27-уми июни соли 1997 буда ҳамчун санаи муборак ва тақдирсоздар таърих сабт ёфтааст. Бе муҳобо маҳз ба туфайли ин неъмати бузург ва муқаддас, ки иттиҳоди миллӣ унвон дорад, заминаи ҳамаи пешрафту комёбиҳо давлат ва саодату рўзгори халқамон гардид. Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшдар рўзи ваҳдати миллӣ ишора ба арзиши баланди таърихии Ваҳдати миллӣ намуда иброз карданд, ки «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Сарвари давлатамон инчунин таъкид кардааст, ки «Барои расидан ба ин рўзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахти таърих гузашта ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусалаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷам гардида дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда,сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандўстона ободу зебо гардонад».
Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон назар андозем, мебинем, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Точикистон дарвартаи ҳалокат қарор дошт. Дуди сиёҳ тамоми махалҳои кишварро фаро гирифта буд. Дар марҳилаи аввали ҷанг тарафҳои даргир дар бораи сулху созиш, таҳаммулпазирӣ, якдигшарфаҳмӣ умуман андеша намекарданд.Ба қавли шоири халқиамон Мўъмин Қаноат «ҳукумат кунду мухолифин тунд» буданд ва ҳеҷ роҳи созишу ҳамдигарфаҳмиро намеёфтанд. Мутаасифона ин муноқиша на танҳо ба ваҳдати миллӣ, балки ба мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тахдид мекард. Хушбахтона баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шўрои олии Тоҷикистон ақли солим ѓалаба кард, барқароркунии қонуният ва адолат дар кишвар шурўъ шуд, ҳукумат нерўву кувват пайдо кард. Ҳамчун сарвари давлат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон шўълаи умедро ба ояндаи неки кишвар фурўзон кард. Эмомалӣ Раҳмон дарминбари баланди Иҷлосия савганд ёд кард, ки сулҳро барқарор мекунад ва тоҷики гурезаи иҷбориро ба меҳанбармегардонад. Гиреҳи вазъияти мураккабу печидаи даврро кушодан амри маҳол буд. Сарвари давлат ҷон ба кафи даст гирифта пайваста ба минтақаҳои ҷангзада сафарҳо мекард, ҳатто ба кишвари ноороми Афѓонистон рафта бо сарварони мухолифин вохўрд, бо онҳо дар мавридисулҳу оштӣ, якдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ҳарф зад, онҳоро ба сулҳу салоҳ хонд. Маҳз мардиву ростқавлии Эмомалӣ Раҳмон буд,ки мардуми кишвар ва ҳатто аксари ҷонибдорони мухолифин ба ў эътимод пайдо карданд. Мардуми сарбаланди кишварамон барои расиданба ваҳдати миллӣ дар паҳлўи сарвари давлат истода сулҳу салоҳро таъмин намуданд, ба рўзи таърихии имзои Созишномаи умумии сулҳ расиданд, ки бегумон дар ин кори хайрҷасорати раҳбари тоҷикон нақшу мақоми вижа дорад.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ҷаҳду талоши сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ имконият фароҳам овард, ки тарафҳои ба ҳам муқобил сарҷамъ гарданд, зиёда аз як миллион фирориёни тоҷик ба Ватан баргардонида шаванд,сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун роҳандозӣ гардад ва ғайра. Имрўзҳо маҳз бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерўҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармо гаштааст. Ин нуктаҳоро худи сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кардааст: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоивусарҷамъиимиллат,рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирўзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазандиваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сўи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард».
Сарвари давлатамон дар мавриди таҳкими Ваҳдати милли сухан ронда таъкид намудааст, ки «Ҳамин хирадиазалӣвафарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиробисёрмасъулонавабасо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».
Ин нуктаи назари Савари давлат бар он далолат мекунад, ки имрўз ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандўсту ватанпарвар ваҳдати миллиро ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳояд азиз ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Душманони миллати тоҷик борҳо кўшиш намуданд, ки сулҳу оромии кишварро халалдор созанд. Ба ташкил кардани суиқасд ба ҷони сарвари давлату амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд. Ба ин амали ноҷавонмардона воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 мисол шуда метавонад. Гурўҳи шаҳрвандон бо роҳбарии муовини вазири мудофиа Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода кўшиши сўиқасди ѓасби Ҳукумат ва табаддулоти давлатиро ба роҳ монданд. Аммо тири нохалафон хок хўрд. Ақли расову заковати шаҳрвандии мо боло гирифт ва боис шуд,ки якпорчагии ватани азизамон,сулҳу субот дар кишвар барқарор бимонад.
Ҳини руҷўъ кардан ба таърихи ба дастовардани ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама хидмат ва нақши беназири Сарвари кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалии Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ризояти миллӣ, фаъолнокнамудани ҷунбиши пуриқтидои халқӣмонанди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зикр кардан айни матлаб буда, он ҷонисориву ҷонбозиҳои Пешвои миллатро метавон чун қутбнамои фаъолияти мардуми тоҷик эътироф кард. Истиқлолияти Тоҷикистон агар заминаҳои озодӣ, бунёдкорӣ, пешравӣ ва такомули ҷомеаро эҷод карда бошад, ваҳдати миллӣ дар амали шудани ин ниятҳо умеди тоза ато кард ва Тоҷикистон имрўз ба як кишвари сарсабзу хуррам мубадал гардид. Истиқлолият ва ваҳдат дар баробари дигар ҷабҳаҳои ҳаёти мардум дар инкишофи тафакури таърихӣ, хештаншиносӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ таъсири бузурге гузошт. дар давоми 28-соли Истиқлолият ва 22-соли ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рўи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян менамояд.
Дар ин ҷода таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ , аз қабили ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ѓазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 680-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хусрав, 1025-солагии Абўали ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, 1150-солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо – Имом Абўҳанифа (р), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсию илмӣ, маърифатию фарҳангӣ, ки маҳсули ибтикор ва раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷўии асолати миллӣ маҳсуб мешаванд. Таҷлили ҳар яке аз ҷашнҳо ҳадафи маърифати беҳтару хубтари таърих, эҳёи анъанаву арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бад-ин васила таҳкими раванди худшиносии милливу таърихӣ ва ободону маъмур намудани диёрамонро дар пай дошт. Ба иборати дигар ин чорабиниҳои бузург ба ваҳдатимилли тоҷикон таҳким бахшид ва бори дигар собит сохт, ки мардуми мо аз азал дар сиришти хеш мароми ваҳдат ва ҷавҳари сулҳофариниро мепарварад ва дар таърих ҳамчун халқи сулҳҷў ва ваҳдатофарин шўҳрат пайдо кардааст.
Боиси зикр аст, ки ривоҷу густариши раванди худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ дар кишвари мо барои эҳёи тафаккури нави миллӣ замина фароҳам овард, ки меҳвари онро дарку эҳсоси амиқи ваҳдату ягонагии миллат ташкил мекунад ва ваҳдат дар он чун воситаи пойдорӣ озодию истиқлолияти ҷомеа хидмат мекунад. Сарвари давлат дуруст таъкид мекунанд, ки «Ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор бо сари худ милати тавонову бофарҳанг гарда два дар тўли ҳазорсолаҳо бо бақову поянда монда тавонад». Ин гуфтаи Пешвои миллат собит мекунад, ки халқи тоҷик аз қадимулайём бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамнавову ҳамсадо буд ва дар баробари эҳтироми қавму миллатҳои дигар асолати миллии худро низ маҳфуз дошта омадааст. Маҳз ҳамин суннати дерина дар сиёсати имрўзаи Савари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо усулу сабки замонавӣ роиҷ аст ва ба шарофати ҳамин сиёсат Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҳамҷавор робитаи дўстӣ ва ҳамкорӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ бемуҳобо дар баланд бардоштани худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории халқи тоҷик таъсири бузурге гузоштааст. Агар ваҳдат аз як ҷониб дар раванди худшиносӣ такони бузурге гузошта бошад аз ҷониби дигар чораҷўиву чорабиниҳои марбут ба баландбардоштани худогоҳиву худшиносии миллӣ дар таҳкими ваҳдат нақши бориз дорад. Дар ин ҷода яке аз тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қадршиносии фарзандони содиқу бовафо, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ,академик Бобоҷон Ѓафуров, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва сиёсатмадорони маъруф Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ва ба онҳо додани унвони олии ватан Қаҳрамони Тоҷикистон боиси зикр аст. Зиндагиномаи ин қаҳрамонон худ ифодагари ваҳдат буда ҳар яке ҳамчун чеҳраи мондагори таърих дар бунёди сулҳу ваҳдати олам нақши беназир гузоштаанд.
Имрўзҳо дастовардҳои сулҳи тоҷикон, ваҳдати комили миллӣ дар маводҳои чопию электронӣ бо теъдоди зиёда 1,5 ҳазор адад ба табъ расидааст. Дар онҳо олимон, коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро иброз намудаанд. Аз чоп баромадани силсилаи китобҳо таҳти унвони ягонаи «Ваҳдат, давлат, Президент» дар 10 ҷилд, китобҳо ва маҷмўаҳои илмии «Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Таронаҳои Ваҳдат», «Баёзи Ваҳдат», «Дорога к согласию», «Миростроительство в Таджикистане», «Политика мира и созидания» ва амсоли онҳобаҳри таҳқиқу баррасии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳо оид ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Сарвари давлат дар мавриди худогоҳии миллӣ яке аз паҳлўҳои асосии онро дар ҳифзи меъроси миллӣ мебинад. Махсусан аз забони Пешвои миллат борҳо таъкид мешавад, ки набояд меъроси илмию фарҳангии мо парешон гардаду ба дасти бегонагон афтад. Зеро маҳз ин меъроси маънавӣ дар баланд шудани маънавиёти мардум нақш мебозад ва танҳо миллати соҳибмаърифату соҳибкитоб метавонад дар заминаи дурдонаҳои ниёгонашҷомеаро пайваста ба дўстӣ иттифоқу ягонагӣ, ҳамзистӣ ва ҳусни тафоҳум даъват созад. Ин аст , ки халқи мо аз қадимулайём то имрўз ҷудоиву тафриқаангезиро маҳкум менамояд, тавҳиду ягонагиро ситоиш месозад ва баҳри ноил шудан ба саодати ичтимоӣ кўшиш мекунад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳми ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон дар сатҳи кишвар муаррифӣ мекунад ва чунин таҳавули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии милӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш намояд. Ваҳдати миллӣ бемуҳобо маҳсули андешаи миллии мост, зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми моро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намояд ва як порчагии марзу буми кишварро ҳифз созад.
Исомитдинов Ҷўрабек