Ваҳдати миллӣ - омили муҳими баланд бардоштани мақоми занони тоҷик
Модар ягона мавҷудотест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дастидигараш сайёраро меҷунбонад.
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯшихуд гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташабусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин, онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳоли соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳоро ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозидаанд. Дар солҳои истиқлолият барои таҳсили духтарон шароити муносиб муҳайё карда шуд.
Дар ин давра беш аз 120 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд, ки ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бомуваффақият кору фаъолият карда истодаанд.
Илова бар ин, таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири бевосита расониданд. Ҳамин иқдом боис шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд. Имрӯз 126 ҳазор нафар занону духтарон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд. Танҳо соли 2014 аз тарафи бонкҳои кишвар ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба занони соҳибкор қариб дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Ин ҳама нишонаи дастгирии занону духтарон буда, аз таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумат ба онҳо дарак медиҳад.
Дар кишварамон шумораи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар сафҳои худ занонро муттаҳид менамоянд, рӯз аз рӯз меафзояд ва нақши онҳо дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам боло меравад.
Имрӯздар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият карда, 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Аз шаш ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз панҷ ҳазор нафарашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва 125 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд.
Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бнувону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнроишғол мекунад.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳақиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Дар баробари ин, рисолат ва фазилати бузурги тарбияи фарзанди солиму солеҳро ба инобат гирифта, тибқи қонунгузории кишвар барои занҳое, ки панҷ ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд кардаанд ё кӯдаки маъюбро нигоҳубин ва тарбия намудаанд, ҳангоми ба нафақа баромадан имтиёз дода шудааст ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки панҷ сол пеш аз синни муқарраршуда ба нафақа бароянд.
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ оромии диёр буду ҳаст Ин рисолати раҳнамои рӯзгори бонувони мост.
Бо назардошти хусусиятҳоихоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модар вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кӯшиши доимӣ дошта бошад.
Вохўриҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонбо занони фаъоли ҷумҳурӣ дар арафаи Иди Модарон ба ҳукми анъана даромадааст. Ин гувоҳи он аст, кизанон дар ҷомеаи мо қувваи бузург буда, имрӯз ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро бе иштироки занон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар ин бора Президент дар яке аз суханрониаш чунин қайд кардааст: «Ман қаблан борҳо гуфта будам ва ҳоло мехоҳам бори дигар таъкид намоям: занону духтарон дар ҷомеаи мо нерўи бузурганд ва агар онҳо нахоҳанд, ягон қувва моро аз роҳи пешгирифтаамон, яъне роҳи бунёди давлати мутамаддин ва демократӣ бозгардонда наметавонад».
Зимни суханронӣ ва мулоқотҳо бо бонувони кишвар Президенти мамлакат борҳо ба нақши занону духтарони ғайратманди ҷумҳурӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти занони мамлакат, мақом ва масъулияти онҳодар рушди ободии Тоҷикистон, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, танзими расму оинҳои мардумӣ, тарбияи фарзандони солиму дорои тафаккури наву созанда, тайёр намудани кадрҳои соҳибмаърифат аз ҳисоби занону духтарони оқилу ташаббускор таваҷҷўҳ зоҳир менамояд. Масъалаи мақом ва рисолати занонро дар ҷомеаи имрўза пайваста бо таърих ва сарнавишти миллат дар маърази муҳокимаҳои доманадор қарор дода, онҳоро ба бузургдошти муқаддасоти миллӣ ва суннатҳои ахлоқии халқ ҳидоят менамояд .
Бо тақозои замон сиёсати давлат нисбати занон дигаргун шуда, мавқеи эшон дар ҷомеа ва дар оила ҷои муносибро ишғол менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушду камоли занон пайваста эътибор медиҳад, ҳамеша нисбати занон ғамхорӣ менамояд ва умед мекунад, ки онҳо дар роҳи эҳёи арзишҳою муқаддасоти осебдида ва коҳишёфтаи миллӣ, оину анъаноти волои гузаштагон зиёда мусоидат намуда, мазмунҳои аниқ ва ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи мероси бузурги тоҷиконро дар зеҳну тафаккур ва ҳастию вуҷуди халқ, махсусан насли ҷавони кишвар парвариш хоҳанд дод.Бино ба таъкиди Сарвари давлат меросбарӣ ва пайванди маънавии наслҳо, идомати одобу ахлоқи ҳамида ва бақои анъанаҳои шоистаи ниёгон, қабл аз ҳама, ба хидмату фидокории бонувон вобастамебошад.
Занони Тоҷикистон аз ғамхории пайдарпаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳу пойдор саҳми худро гузоранд. «Асоситарин ва муҳимтарин меъёри Конститутсияи мамлакат – бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки шоҳроҳи пешрафту тараққии Тоҷикистони навин мебошанд, маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолона ва қотеъонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувори пойдори худро пайдо кард» - қайд кардааст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Дастоварди бузургтарини халқи мо дар даврони истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати заҳмати бепоён, кўшишу талошҳои ҷонсўзонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
З. Зокирова, муаллима