Тӯраҷонзода дар сари ин фитна буд!

Он воқеаҳои солҳои 1990-уми қарни 20 дар таърихи Тоҷикистон ба саҳифаҳои алоҳида нависта мешавад ва бино бар ин ҳам муҳим аст, ки авлоди оянда сабабгорони он ҳодисаҳои хунин ва даҳшатоварро донанд. Ба сухани ҳар касу нокас бовар накунанд, ки имрӯз – дар даврони иттилоот таърихро ҳар кас бо худ талқин мекунад ва "варианти худаш"ро паҳн кардан мехоҳад. Хусусан, бо ниятҳои ғаразнок.

Он рӯзҳо яке-якбора овозаҳо паҳн шуда буд, ки гӯё ҳукумат хонаҳои сохташударо ба мардуми дар навбатбуда неву ба арманиҳои гуреза додааст. Ин овозаҳо сабаб шуд, ки ҳазорҳо ҷавонон ба кӯчаҳои Душанбе баромаданд, ҳодисаи баҳманмоҳ сар дод.

Қаҳҳор Маҳкамов, Сарвари давлати онвақта дар яке аз суҳбатҳояш иқрор мешавад, ки "ба ҷавонони гирдиҳамомада, ин гапро, ки ҳукумат гoё ба арманиҳои гуреза хона дода бошад, Ҳоҷӣ Акбар Тoраҷонзода, қозиқалони вақти Тоҷикистон гуфта буд".

Маҳкамов боз таъкид кард, ки "ман тариқи яке аз вазирон аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хостам, то фардо биояд ва равем то он хонаҳое, ки ба арманиҳои гуреза тақсим карда бошем, бисанҷем, аммо Тӯраҷонзода наомад". Ин суханҳои сарвари давлати онвақта Қаҳор Маҳкамов дар матбуоти даври чоп шудааст. Яъне пўшида нест, ки дар он рўзҳо дар сари он овозаҳои бардурўғ бо шомили Ҳоҷӣ Акбар Тoраҷонзода як гуруҳи ғаразнок истида буд. Худи Тoраҷонзода хуб медонист, ки ин овозаҳо асоси воқеи надорад. Бинобар ин вақте Маҳкамов фарёд мекунад, намеояд. Чун фош шудани дурўғўояшро намехоҳад.

Қаҳор Маҳкамов аз ин ҳам зиёдтар мегўяд: "Ҳатто ин гапҳо низ буд, ки дар намозгоҳҳо ба мардуми ибодаткунанда мегуфтанд, ки фардо ба митинг меравед, агар намеравед, "занатон талоқ!"

"Пас аз як сол фаҳмидем, ки ин корҳоро кӣ ташкил кардааст ва марказаш низ яке аз ҳаммомҳои шаҳри Душанбе будааст", мегўяд Маҳкамов.

Бале, баъдан ошкор мешавад, ки дар сари ин овозаҳо ва намоиши норозигиҳо як гуруҳе, ки бо супориши хоқагони хориҷиаш мехостааст дар кишвар табаддулот кунад. Мутассифона сарварони давлати онвақта нисбати ин нафарон чораҳои ҷиддӣ надиданд ва дар натиҷа дар кишвар ҷанги шаҳрванди оғоз шуд. Ҷангро Ҳоҷӣ Акбар Тoраҷонзода ва ҳаммаслакони ӯ оғоз кардааст. Мақсади онҳо ҳокимиятро ба даст овардан ва сохти Конститутсионии кишварро тағир додан буд. Мутассифона то ҳол ҳаммаслакони онҳо ҳастанд ва гарчанд касе, на ҷавонон ва на зиёиён ё дигар қишри ҷомеа онҳоро дастгирӣ намекунанд, вале онҳо боз ҳам мехоҳад бо ёрии хоҷагони хориҷиаш дар кишвар бесарусомониҳоро сар кунад.

Бинобар ин ҳар як фарди кишвар бу гуфти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҳушёрии сиёсиро аз даст надоданаш даркор. Зеро, ин тинҷию амони ба осонӣ ба даст оварда нашудааст.

Кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ