ТТЭ-ҲНИ ҲАРАКАТҲОИ БЕМАҚСАД

Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва гумгаштагони онҳо солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Қобили зикр аст, ки ин ташкилот аз бунёд зидди озодии инсон ва ҳуқуқи башар мебошад. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард. Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мебоист омилони ҷанг бахшида шаванд, ҷиноёти сангини ин ҳизб зери парда монд. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонд. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро таблиғ намуданд. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд.

Имрӯз, ки мамлакат бо баракати сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Ташкилоти зидди давлатии Тоҷикистон кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотии худ эълон кардааст, яъне 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге ташкил мекунад. Ин кору найрангҳои навбатии душманони миллат аст. Онҳо мехоҳад, ки нафрати мардуми гумроҳро нисбати роҳбарияти кишвар зиёд кунад.

Хулоса, ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳое, ки зидди давлати Тоҷикистон бемақсад мубориза мебарад дар тамоми замони фаъолияти хеш ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, куштор, беҳувиятӣ, бадномӣ буда, хубиеро барои ин миллат ба бор наовардааст. Роҳбарони ин ҳизб, агарчи худро фариштабарин намоиш диҳанд ҳам, ҳамеша фаъолияташ аҳриманиро нисбат ба афроди миллат ва халқ анҷомидаанд.

Бердишукуров А.

дотсенти кафедраи

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ