Тоҷикон аз аввал соҳибдавлат будан, ҳастанд ва боқи хоҳад монд!

Солҳои охир рафтору кирдори баъзе аз “хамватанон”-ро дида дар ҳайрат мебонем, ки ин кадар бешарафу ҷоҳил ва хоини Ватан гардиданд. Аз ин гуна ашхос Муҳиддин Кабири ва ҳаммаслакони ӯ мебошанд.

Лекин дарҷамъиятӣ имруза хоинони Ватан мехоҳанд, бо ҳар роҳу васила, мақоми давлатро дар байни давлатҳои дуру наздик ноустувор гардонанд. Вале имруз боиси хушбахтист ва сохибватанист, ки мо имруз соҳиби амнияти пурқувват гардидем ва ин имкон медиҳад, ки чунин шахсони фитнаангез дастгир карда шуда нисбати онҳо чораҳои махсуси ҷавобгарӣ ҷиноятипешбини шудааст. Имрузхалки кишвар барои шомил нашудан ва фирефтаи дуруғғҳои он шахсиятхо нашудан мо бояд “Ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем”, сарвари давлат низ доим дар ҳар баромдҳои худ такя ба қувваҳои пешбарандаи ҷамъият, махсусан ба ҷавонон пешниҳод менамоянд, ки бояд ҷавонони даврони истиқлолият “зираки сиёсиро” аз даст надиҳанд, ва ин барои мо имкон медиҳад, қувваҳои иғвоангез ҷомеаро бо габҳои дурӯғи худ халалдор насозанд.Инчунин бо ҳар гуна наворҳои интернети ҳар гуна хабарҳои нодуруст дар бораи сиёсати имрузаи давлат дар бораи сохторҳои қудрати он маълумотҳои нодурустро дар байни халқ паҳн карда дар байн низо андохтан мехоҳанд.

Инҷо саволе ба миён меояд. Аз ин корҳои сохтакори худ хаста нашудед?.Имруз роҳе, ки Шумо интихоб кардед охир надорад ва беасос ҳаст зеро ба хотир оред воқеаҳое, кисолҳои 90-уми ќарни гузашта шуда, ки окибати кори Шумо ба чи анҷом ёфт, кувваи неки аз болои кувваи баъдӣ ғалаба ба даст овард. Дар натиҷаи пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нав истиқлолияти сиёсӣ худро ба даст оварда буд, умумун дар тамоми соҳаҳао норасои кадарҳои баландихтисос ба назар мерасид. Лекин имруз боси хушбахтист, ки ин норасоиҳо бартараф карда шуд. Ба ҳаммаи ин камбудиҳо нигоҳ накарда имруз кишвари, мо тавонист аз ин ноустувориҳо барояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Албатта ҳамаи ин бо дастирию ғамҳориҳои бевостиаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дуои Модарони миллати тоҷик сабаб гардид.

Имрузҳо ҳар як фарди ба ору номуси миллат то ҷон дар тан доранд намегузоранд, ки ба кишвари азизамон Тоҷикистон бо чашми бад ва бо дили фитнангез нигоҳ кунанд.

Он нафароне, дар роҳи зиндагӣ роҳи нодурустро интихоб карданд, ва дар ин роҳ хиёнат ба Ватан-ро доранд он нафаронҳич ба максад намерасанд зеро имруз ҷомеае, ки дар фазои ободу зебо, ва тинҷу ором зисту зиндагӣ дорем, худ аз худ ба даст намомадааст. Дар ин роҳи пурталотуми зиндагӣ барои расидан ба истиҷлолияти сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳазорон нафар фарзандони далеру ҷасури миллати тоҷик ҷонбозиҳо кардаан.

Дар ҳақиқат имрузҳо Муҳиддин Кабири имрузҳо дар хориҷи мамлакат аз номи ҲНИ бо иваз кардани номи ин ташкилон бо номи Паймони Миллӣ Тоҷикон ин як никоб аст то, ки ин нафарон он амалҳои разилонаи худро пушонида бо иваз кардани номи нав мехоҳанд акидаи ҷомеаро дигар кунанд. Лекин ҳар нафар, ҳар фарди бо нангу номуси миллати тоҷик медонанд, ки ин инафарон, ки ҳастанду дар дил чӣ нияти нопок доранд. Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабири “дирижёр” гаршаасту ҳаммаслаконаш вобастаи он чӣ гуна тамаъ мегиранд,рафтор мекунан.

Муҳиддин Кабири бояд донад, ки ҳаммаслаконаш “харидаву фурӯхта” мешаванд шояд пагох худи ӯ низ танҳо монад.

Дар ҷавоб гуфтани ҳастем, ки имруз нафароне, ки номи бузурги тоҷикро сиёҳ кардани ҳастед, ҳаргиз ба мақсад намерасед. Зеро тоҷикон аз аввал соҳибдавлат буданд ҳастанд ва боқи хоҳад монд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ